Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ II

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНИ "ТУҲФАИ АҲЛИ БУҲОРО"-И МИРЗОСИРОҶИ ҲАКИМ

Забони "Туҳфаи аҳли Бухоро" нисбат ба забони асарҳои мавҷудаи охири асри XIX ва ибтидои асри XX хеле содда, оммафаҳм ва аз ибораҳои сунъӣ хориҷ буда, ба ҳар як хонандаи имрӯзаи тоҷик фаҳмо мебошад.

Мирзосироҷ монандӣ устод Айнӣ ва баъзе ҳамзамонони равшанфикри давр барои соддагӣ ва демократӣ кунонидани забони тоҷикӣ хизмати барҷастае кардааст. Агар "Таҳзиб-ус-сибён"-и С.Айнӣ ро яке аз асарҳои нахустини насри педагоги ба забони барои оммаи тоҷик фаҳмо навишташудаи пешазреволюционӣ ҳисоб намоем, пас "Туҳфаи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким дуюмин асари бадеии таърихие мебошад, ки аз ҷиҳати соддагӣ ва равонии тарзи баён ҷои намоёнро ишғол мекунад. Нависанда кӯшиш кардааст, ки ба воситаи ин асар ба забони адабӣ бисёр калимаю ибораҳо ва шаклҳои нави грамматикиро дохил намояд.

Забони адабӣ принсипан талаб менамояд, ки тарзи баён, истеъмоли калимаю ибораҳо ва маъноҳои гуногуни онҳо барои ҳама дастрас ва фаҳмо бошанд. Ҳар як навигарии дар ҳаёти ҷамъиятӣ рӯй дода бевосита дар забон акс мегардад. Барои ин дар қатори лексикаи мавҷуда калима ва ибораҳои нав низ истеъмол шудан мегиранд. Калимаҳо пеш аз ҳама аз хазинаи бойи забони умумихалқӣ гирифта мешаванд. Ин нависандаро водор мекунад, ки барои тасвири ҳодисаҳои нав аз забони умумихалқӣ воситаҳои мувофиқи лексикиро ҷустуҷӯ намояд. Барои ҳамин ҳам Мирзосироҷ, пеш аз ҳама, ба сарчашмаи беинтиҳо - забони умумихалқии тоҷик такя кардааст. Забондонии нависанда ба ӯ имконият додааст, ки фикри худро аниқу равшан ба воситаи калима ва ибораҳои фаҳмо баён намояд.

Мирзосироҷ аз овони ҷавонӣ илова ба забони модариаш забонҳои русӣ, туркӣ ва арабиро низ омӯхта буд.

Нависанда дар интихоби калима ва ибораҳо хеле дақиқ муносибат карда, онҳоро санҷида истеъмол намудааст. Интихоби калима ва дуруст кор фармудани он ба забони асар тақвият мебахшад. Ҳартарафа омӯхтани ҳаёт ва аз воқеаҳои зиндагӣ хулосаи дуруст бароварда тавонистан аз шартҳои асосии эҷод кардани асари баландмазмун

пешина
аз 159
навбатӣ