Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

(15, 343) сабри мардум обзада шудан (326), қалб тоза шудан (97), ақл мот гардидан (100), чунину чунон гуфтан (328) як сари му пасту баланд набудан (63), дар миёни гиру дор будан (81) моту мабҳут шудан (62), ихтиёр аз каф хориҷ шудан (63), аз дидан сер нашудан (271), даст ба даст нарасидан (81), аз худ рафтан (75) ва ғайра.

в) зарбулмасалу мақолҳо: ҳалвои тантанаи то нахӯрӣ надонӣ (140) ҳамнишинат беҳ бувад, то ту аз ӯ беҳтар шавӣ (217), каллаи бад ба риши соҳиб (234), хона аз пойбанд вайрон аст (234), риндӣ исфаҳонист, ҳушёр бош (258), аввал бисанҷ, пас ҳарф бизан (238), илмро хор кардем, хор шудем (277), зулми мардумиро ваҳшӣ мекунад (134).

г) масъалаи дигари соддабаёнӣ ба камистеъмолии калимаҳои душворфаҳми арабӣ ҷузъан алоқаманд аст.

Мирзосироҷ калимоти мушкилфаҳми арабиро нисбат ба ҳамасрону пешгузаштагон: Садри Зиё, Муҳаммадсодиқи Гулшанӣ ва Аҳмади Дониш хеле кам истифода кардааст. Мушкилӣ ва мураккабии забони асарҳои пешина ҳам пуропур будани калимоти душворфаҳми арабӣ дар таркиби луғавии асарҳо ба ҳисоб мерафт, ки нависанда ин анъанаро қисман вайрон кардааст. Ин ҳаргиз он маъноро надорад, ки гӯё дар асари ӯ калимоти арабӣ истифода нашуда бошад, баръакс истифода шудааст, вале нисбат ба забони адабии давр (ҳатто забони матбуоти он давр) миқдоран камтар ва нисбат ба забони адабии солҳои 20-30 зиёдтар ба назар мерасад.

д) як роҳи дигари ба забони халқ наздик кардани забони адабӣ фаровон кор фармудани калимаҳои ҷуфт дар асарҳои бадеӣ мебошад.
Калимаҳои ҷуфт дар забони халқ серистеъмол ва оммараҳманд. Мирзосироҷ ин типи калимаҳоро дар асараш хеле фаровон истифода намудааст: молу мулк, ҷангу ҷидол, ҳамлу нақл, тангу тор, марду зан, аҷибу ғариб, хурду калон, шому наҳор, обу алаф, пагоҳу бегоҳ, хайру шар, ободу хуррам ва ғайра.

Роҳи дигари содда ва бой шудани забони адабии ибтидои асри XX истифода аз калимаҳои иқтибосӣ буд. Дар ин масъала ҳам
Мирзосироҷ назар ба ҳамзамонон пешқадам буд. Калимаҳои узбекӣ,
ки дар ин давра вобаста ба васеъ шудани функцияи забони адабӣ
беш аз пеш истифода мешуданд, мавридҳои гуногуни истифода доштанд: мисол: хон, оқсақол, бег, элчӣ, азбонӣ, элхонӣ, мингбошӣ,
алочиқ, қаровул, қамчӣ, йигит, яроқ, овул, яйлоқ, ётоқ ва ғайра

пешина
аз 159
навбатӣ