Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
забони адабӣ ва ба фаҳми халқ наздик намудани он ба А. Дониш пайравӣ кардааст. Соддагии забони асарҳои Садри Зиё дар муқоиса бо забони асарҳои ҳамзамононаш хусусияти нисбӣ дорад.
Ба фикри мо, нисбат ба тарзи баёни Садри Зиё, забони "Таърихи ҳумоюн"-и Гулшанӣ як дараҷа содда ва оммафаҳмтар аст. Ба ҳар ҳол хонандаи имрӯзаи тоҷик навиштаҷоти Садри Зиёро дар бисёр маврид бе шарҳи луғот дарк карда наметавонад. Пас, душворфаҳмии баъзе иншооти Садри Зиё барои хонанда ба чӣ вобаста аст? Ҷавоби мухтасар ҳамин аст, ки нависанда дар навишт нормаи забони адабии пешина ва услуби анъанавии онро асосан риоя кардааст. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки нависанда калима ва ибораҳои душворфаҳми қадимию арабиро нисбат ба Гулшанӣ ва Мирзосироҷи Ҳаким хеле фаровон истифода намудааст. Масалан, аз "Наводири зиёия"-и Садри Зиё чанд ҳикояти воқеиро (маҷаллаи "Садои Шарқ", с. 1967, № 7, саҳ. 94-97) аз назар мегузаронем. Мо аз ин ҳикоят танҳо калима ва ибораҳои душворфаҳми се саҳифаи онро ҷудо намудем, ки хонанда бе луғат ва шарҳу эзоҳ маънии онҳоро фаҳмида наметавонад. Ин калима, ибора ва ҳатто ҷумлаҳо ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии онвақта вобастаанд: тадрисӣ, элотия, аҷуза, музтариб, мухайла, сайҳа, харки одот, овози муҳиб, васоқ, нозил шудан, мутбаху сӯта, партави илтифот, атияи ғайр, мориҳо, салоҳу садод, сайҳа кажидан, уламои узом, ҳазафпора, баъдамо, ҳикмати ғомизане, анқариб ба дарде лодево, муҳобати ин ваид, моҳазаре, вило, муфарвиз будан, анҳои таҷассус, тафаккуд, тадоруқ намудан, муҷрим адд кардан, анҳод намудан, увуд кардан, бадали ҳол, мулокӣ шудан, ҳодати сукрон, муамиим, аҳкалот, мундафеътардидан, мафкудуласар, истиғоса кардан, ба адои фариза иқдом намудан, руҷҳон довтан ва ғайраҳо.
Дар асоси ин муояна ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки забони асарҳои Садри Зиё нисбат ба забони ҳамзамононаш мушкил ва мураккабтар аст. Тарзи ифодаи фикр ва услуби ӯро бо услуби асарҳои Мирзосироҷ, Гулшанӣ ва «Таҳзиб-ус-сибён»-и С.Айнӣ дар як қатор гузоштан мумкин нест. Ҳарчанд ҳар як нависанда тарзи баён ва услуби хоси худро дорад, вале дар муносибат бо ҳаёти мадании давр ба умдатарин талаботи ҷараёни ҷамъият риоя намояд.
Порчаҳои сеюм ва чорум ба қалами нависанда — Мирзосироҷи Ҳаким тааллуқ дорад. Аз тарзи баён ва равонии услуб маълум мегардад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё