Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
шаклҳои гуногун мебошад. Шаклҳои гуногуни феъл дар забони тоҷикӣ маҳсули як давраи муайян набуда, балки самараи давраҳои гуногуни тараққиёти ин забон ба шумор меравад. Шаклҳои феълии дар ин ё он асари бадии, таърихӣ ва публисистӣ истифодашуда, ба услуби фардии муаллифони асарҳо мувофиқан истеъмол шуда, хусусиятҳои хоси шаклӣ ва маъноии худро маҳз дар матн зоҳир менамоянд. Баъзе нависандагон баробари истеъмоли шаклҳои маъмули феълии забони адабии давр боз шаклҳои нав месозанд, ки дар забони асарҳои нависандагони дигар дучор намешавад.
Бояд қайд кард, ки забони асарҳои жанрҳои мухталифи ҳар як асру давр аз ҷиҳати истифодабарии шаклҳои гуногуни морфологӣ ва синтаксисӣ баробари баъзе фарқҳо умумияти хос доранд, ки дар риояи қоидаҳои маъмул ва умумии забон зоҳир мегардад.
Дар забони адабии ибтидои асри XX, хусусан, дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким дар истеъмоли феълҳо чунин ҳолатеро мушоҳида мекунем, ки он ба услуби шахсии нависанда вобаста буда, забони асари ӯ ҳам хусусиятҳои забони адабии давр ва ҳам забони насри классикиро то андозае дар худ инъикос менамояд.
Хусусиятҳои диққатҷалбкунандаи забони асари мазкур дар боби феъл аз инҳо иборатанд:
I. Маълум аст, ки дар забони насри классикӣ шаклҳои феълии замони гузаштаи ҳикоягӣ бо суффикси -ӣ монандӣ, хӯрданӣ, гуфтанӣ, омаданӣ, навиштанӣ ва ғайра серистеъмол буданд. Ин шакли феълӣ то революсияи Октябр дар забони наср фаровон истеъмол мешуд. Ин шакл "дар ибтидои асри XX дигар ҳамчун шакли кӯҳнаи китобӣ аҳамият ва зарурати истеъмолии худро умуман дар наср гум карда, шакли ба воситаи префикси -ме сохташавандаи он (мехондам, мегуфтанд, менавиштанд) қоидаи умумӣ гардид"24.
Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" шакли мазкур дида намешавад. Ин ба забони адабии давр нисбат ба давраҳои гузашта тадриҷан ба амал омадани баъзе тағйироти забониро нишон диҳад, аз тарафи дигар, дар марҳалаи нави тараққиёти забон дар он пурқувват шудани таъсири забони гуфтугӯӣ ва ба ивази шаклҳои кӯҳна устувор шуда истодани баъзе навигариҳои қобили даврро собит менамояд.
Дар "Наводири Зиёия" кам бошад ҳам, ин шакли ҳикоягӣ бо -ӣ истифода шудааст: Аз кутуб арабияи мазкурро ба аҳли он дарс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё