Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ки моён аз лӯдка, яъне қайиқ дохили киштӣ шудем, параходи мазкур равонаи роҳ шуд (с. 336). Ғайр аз маҳбусини қалъаи Ҳозӣ, ки моён будем, аз соир қалъаҷоти беруни шаҳр ҳам банди оварданд (с. 155-156). Ман вақти ҳаҷ омадан шумоёнро мулоқот карда будам (с. 179).
Қариб дар ҳамаи мисолҳои боло феҳли ҷумлаҳо бо ҷонишинҳои мазкур дар шахсу шумора мувофиқат карда дар шакли ҷамъ оварда шудаанд.
Ҷонишини моён нисбат ба ҷонишини шумоён дар асар серистеъмол аст, аммо ҷонишини моҳо танҳо як маротиба истифода шудааст, ки ба фикри мо дар таъсири забони арабӣ воқеъ шудааст. Дар "Таҳзиб-ус-Сибён"-и С.Айнӣ ҳам ҷонишини моён назар ба шумоён серистеъмолтар аст. Садри Зиё ҳам дар "Наводири Зиёия"-и худ 21 ҷонишини моёнро фаровон истифода кардааст: Ҳар қадар ахбор мекарданд, ки моён медонем, ки чанд сол мешавад (с. 143). Боби муфтии моёнро аз куҷо диданд (с. 210).
Бояд гуфт, ки ҷонишини шахсии сеюми онҳо ҳам дар асар серистеъмол аст. Аммо ин ҷонишин дар се асари насрии асри XI - "Қобуснома", "Сиёсатнома" ва "Сафарнома" вонахӯрдааст 22.
Ҷонишини шумо дар "Туҳафи аҳли Бухоро" ба ду вазифа истифода шудааст: 1. Шакли ҷамъро ифода кардааст: Зулм дар ҳаққи вуко мардум аз ҳад гузаштааст (с. 161). Шумо ҳамаатон талаби худро баҳона карда ба мулки мо месоед (с. 143).
- Барои ҳурмати шахси танҳо, эҳтиром ва одобу кор фармуда шудааст. Ба вазифаи ҳурмат, эҳтиром ва одобу истеъмол ёфтани ҷонишини шумо назар ба вазифаи шакли ҷамъро ифода намуданаш серистеъмол аст: Аз агентии палитики рус навиштаанд, ки шуморо дар Бухоро ҷиҳати муҳркима хостаанд (с. 130). Гуфтам, ман мусулмон, шумо арманӣ, чӣ гуна мешавад, ки шумо дастгирӣ аз мусулмон бикунед (с. 242).
Дар ҷумлаи охирин нависанда ҷонишини шуморо дар ду ҷой кор фармудааст. Агар ба мазмуни ҷумла бодиққат назар кунем, маълум мегардад, ки ин ҷонишин ба вазифаи ҷонишини шумоён низ омадааст, зеро нависанда на фақат бо як арманӣ, балки бо якчанд арманиҳо сӯҳбат кардааст. Аз сабаби таъсири пурқуввати забони адабӣ-китобӣ муаллиф ба ҷои шакли шумоён ҷонишини шуморо чун анъана истифода намудааст.
Хусусияти дигари забони "Туҳафи аҳли Бухоро" дар истеъмоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё