Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик, хусусан дар наср, ин тарзи ифодаи сифат хеле кам дучор мегардад. Маълум аст, ки дар забони адабии ҳозира чун қоида аввал муайяншаванда, пас муайянкунанда истеъмол мешавад ва роли бандаки изофӣ дар сохтани ибораҳои тавсифӣ муайян аст. Ибораҳои "бад ҷой, хуб доду ситод" аз ибораҳои "ҷои бад, доду ситоди хуб" танҳо дар ҷои ва мавқеи ифода фарқ карда, аз ҷиҳати маъно фарқе надоранд. Дар ҳар ду тарзи талаффузи ибораҳои ҷои бад, одами хуб як оҳанги хеле нозуки услубӣ ҳис карда мешавад, ки ин оҳанг тарзи равон ва бемонеа талаффуз гардидани онҳо мебошад. Дар забони назм бошад, омадани муайянкунанда пеш аз муайяншаванда ҳоло ҳам бисёр дида мешавад ва ин ба қонунияти шеърсароӣ, ба талаби вазну қофия мувофиқ аст.
Шакли дигари ифодаи сифат ба воситаи изофа ба ҳам алоқаманд шудани муайянкунандаву муайяншаванда мебошад, ки ба сифати қоидаи умумии забони адабии тоҷик дар "Туҳафи аҳли Бухоро"
низ риоя шудааст ва дар истеъмол ҷои асосиро ишғол менамояд:
Бисёр роҳи хуб аст (с. 30). Обу ҳавои хубе дошт (с. 32).
Саёҳати хубе дошт (с. 33). Ӯ одами бад набуд (с. 229). Сангҳои гаронбаҳо (с. 110). Чароғи электрикии (с. 115)...
- Сифатҳои нисбӣ. Дар асари Мирзосироҷ чанд роҳи сохта шудани сифатҳои нисбӣ дида мешавад. Сифатҳои нисбӣ баробари ифодаи нисбият ва мансубият баъзе хусусиятҳои хоси предметҳоро ҳам равшан менамоянд. Масалан: чароғҳои электрикӣ, қалами фӯлодӣ, давоти франкӣ, шамъдони мумии гачӣ, масҷиди сангӣ ва хиштӣ, иморати чӯбӣ, мадрасаи хиштӣ, биноҳои чӯбӣ, аробаи чӯбӣ, оташи революционӣ (с. 182, 182, 207, 207, 284).
Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" сифатҳои нисбӣ асосан бо суффикси -ӣ сохта шудаанд. Суффикси -гӣ дар сохтани сифатҳои нисбӣ каммаҳсул аст:
Дар васати аморат ҳавзи сангии мармарӣ ва фаввораи об ҳам дорад, ки ҳама вақт сарер аст (с. 231). Масҷиди сангӣ ва хиштӣ мавҷуд аст (с. 6). Гандуму ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ бисёр некоранд (с. 19). Қалами пӯлодӣ ва шамъи мумӣ, гачӣ месозанд (с.
153). Дар васати боғ як иморати оинона аст (с. 149).
Суффикси -ӣ ва -гӣ дар бисёр мавридҳо ба ҷои суффикси
-ӣ ва -гин кор фармуда шудааст. Агар ин халинаҳоро дар забони
адабии ҳозираи тоҷик аз назар гузаронем, мебинем, ки дар сохти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё