Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Чойро гиреде, хоҳар, – гап зад ба ӯ Бобо, пиёларо дароз карда, – вақташ ояд, баъд худам салом медиҳам.
Писар, ҷавобан ба ҳамин гапҳои модаратон, пайташ ояд, як кор нишон диҳед, ки дар байни мардум достон шавад.
Дар болои ҳамин сухани Юнусбобо аз даруни шаҳрчаи ҳарбӣ бонги ҷамъомад баланд шуда, онро боди сабуки бегоҳирӯзӣ ба хеле дуриҳо бурд.
– Хайр, вақти ҷамъомади бегоҳӣ ҳам шуд, – гӯён Сафар аз ҷояш ҷаҳида бархост. – Пагоҳ рӯзи дамгирӣ, тавонам, худам ҷавоб гирифта ба деҳа рафта меоям.
Умрихола, Юнусбобо бо Сафар самимона хушбошӣ карданд. Зебӣ ба дасти дарозкардаи Сафар даст надода, «То онсӯтар ҳамроҳ равем» гуфту ба сӯи дарвозаи шаҳрчаи ҳарбӣ баробари Сафар қадам ниҳода, гапҳои дар ин ҷо нагуфтаи худро ба вай нақл кард.
– Чӣ маслиҳат медиҳед? – пурсид Зебӣ аз Сафар, – бачаҳои синфҳои болоро ба ёрии кори колхоз барорам мегӯям.
Сафар гуфтаҳои Зебиро бодиққат гӯш карда, ба маслиҳатпурсии вай:
– Ташаббуси шоёни таҳсин! Кори нағз мешавад, албатта... – гуфту ба чашмони ҳалими Зебӣ дере нигоҳ карда монд.
Вақте ки Сафар ба Зебӣ даст дода, хайрухуш мекард, акнун Зебӣ дурусттар ҳис намуд, ки дастони Сафар мисли пештара мулоими майдаяк не, балки гӯштҳояш шах ва пӯсти рӯю кафҳояш дағар – буғур шуда буданд. Зебӣ дасти Сафарро сар надода, сари шармгинона поён фуровардаашро оҳиста боло бардошт. Дар ин асно чашмони ҳар дуи онҳо боз ба ҳам афтода, ба лабҳои ҳанӯз ба бӯсаи муҳаббат ташнаашон табассуми ширин давид...
БОБИ НӮҲУМ
Меҳмонхонаи Мирбадал. Дар тоқча лампаи ҳафтуми шишааш хира дармегирад. Ду тирезае, ки якеаш ба
тарафи кӯча, дигараш ба тарафи ҳавлии дарун нигоҳ мекунад, бо пардаи карбос пӯшида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё