Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар пеши чайла раис, котиби ҳизб, Егоров ва оилаи ӯро худи Юнусбобо пешвоз гирифт, ки навакак аз сари кор баргашта омадани вай аз сарулибосу чоруқи кории чангзеркарда, аз дастони хоколудаш намоён шуда меистод.
– Меҳмононро ба кадом замин фиристодед? – пурсид раис.
– Пахтаи звенои дуюм аз ҳама бисёртар шукуфтааст, як қисмашонро ба ҳамон ҷо фиристодем. Дигарон ба замини дигар звеноҳо рафтанд, – гуфт Юнусбобо.
– Рафиқ Егоров ва оилааш ҳам дар бригадаи шумо пахта мечинанд, – гуфт Одил Саркор.
– Нури дида, тоҷи сар, хуш омаданд, – бо илтифоти самимӣ гуфт Бобо ва ба шипанг таклиф кард, – Канӣ бифармоянд, чой ҳам ҷӯшида истодааст, як пиёла чой нӯшанд, ба сари пахта баъд мераванд.
Егоров ба Юнусбобо ташаккур изҳор карду байрақу лавҳаҳои дар даромади шипанг овехташударо нишон дода гуфт:
– Байрақи мусобиқа ҳанӯз дар дасти шумо, Бобо?
– Оре, дар дасти мо, – ҷавоб дод Юнусбобо ба байрақи сурхи сайёри идораи колхоз, ки дар болои шипанг аз насими субҳ ҷавлон мекард, нигоҳ карда, – канӣ, ягон бригадаи дигар бо кори худ моро қоил кунад, майлаш, баъд тан дода, худамон ботантана бурда месупорем.
...Егоров бо оилааш, ба даст пешдомани пахтачинӣ гирифта ба сӯи пахтазор равон шуданд. Дигарон ҳам аз паси онҳо рафтанд. Баъд аз панҷсад шашсад метр дуртар рафтан, ба пеши назари онҳо саҳрои бепоёни рангоранги пахтазор, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷо гурӯҳгурӯҳ одамонро дар оғӯши худ пинҳон мекард, намудор гашт. Одил Саркор бо чеҳраи кушод чор сӯро аз чашм гузаронда, ба Юнусбобо муроҷиат кард:
– Бобо ин одамонро дида, беихтиёр рӯзҳои пеш аз ҷанг ба хотири кас меояд-а?
– Оила бо фарзанд, саҳро бо одам обод аст, Саркор,
– ҷавоб дод Юнусбобо ва пеш – пеши онҳо калон – калон қадам монда ба оғӯши пахтазор рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ