Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Чаро гап бисёр будааст?
– Кай ба ҳуҷум мегузарем, кай ин қадар замини аз дастамон рафтаро озод мекунем? – Нозир бо як алами ботинӣ гап мезад. Ин сухани вай полковник Людниковро ҳам мутаассир кард. Вай дар ин қафогардиҳо шахсан худро ҳам ҷавобгар ҳис карда, қиёфааш ҷиддӣ шуда, ду рухсор ва гӯшаш тасфиданд. Бо ҳамин вазъият полковник изтироби худро пинҳонкунон беихтиёр ба пеши пояш, ба хоктӯда хам шуда, аз он ҷо як каф хоки намро гирифт ва онро асабонӣ бо ангуштонаш молиш дода – молиш дода, оромона гуфт:
– Оре, хеле қафо рафтем...
Пас аз ин полковник ба як сӯ рафта, ба лейтенант Осмухин амр кард:
– Немисҳо қувваи зиёд доранд, – гуфт аз харита роҳи омади онҳоро нишон дода, – мана аз тарафи ҷануб ба сӯи мо, ба сӯи ҳамсояҳои мо армияи 6-ум ва 4-уми танкии онҳо зер карда омада истодааст. Як қисми онҳо дирӯз аз ҷараёни миёнаи Дон гузашта, дар соҳили чапи вай ҷанг карда истодаанд. Дар ҳар ҳақиқат бояд ба ҷанг тайёр бошед. Бо қатъият ва маҳорат ҷангидан лозим. Мавқеи худро чунон мудофиа кунед, ки ба вай дандони немис бархӯрда шиканад...
Дар мобайни ҳар як ҷумлаи полковник лейтенант Осмухин: – итоат, иҷро мекунем, рафиқ полковник, – мегуфт.
– Ана ҳамин тавр, – боз таъкид кард полковник.
Осмухин ва дигар фармондеҳон, фармондеҳи дивизия ва фармондеҳи полкро то назди мошини вай гусел карданд. Баъд аз рафтани полковник Осмухин ва командири баталйон Пузир оид ба вазъият ва ҷангҳои оянда ба маслиҳату сӯҳбат нишастанд. Роҳбари сиёсӣ Ванюшин бошад, барои бо коммунистон ва комсомолон сӯҳбат карда, дар ҷанги оянда ҳам намуна нишон додани онҳоро таъкид кардан ба взводҳо рафт.
Гашти пешин роҳбари сиёсӣ Ванюшин ба заминкани хандақмонанди Сафар даромада омад, ки дар вай фақат ду-се кас меғунҷид. Дар заминкан Сафар ба болои зонуяш сумкаи ҳарбиро гузошта, ба рӯи як коғаз сар фурӯ бурда чизе менавишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё