Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Симои ҷиддии онҳоро кадом як дарду алам тира мекард.
Як гурӯҳ ҷанговарони ротаи лейтенант Осмухин, ки дар сари роҳ меистоданд, бо мақсади донистани вазъият аз аскарҳои роҳгузар мепурсиданд:
– Монда набошед, ҷӯраҳо! Аз куҷо ба куҷо?
Аввал ҳеҷ кас ба ин савол ҷавоб надод. Дертар аз мобайн як ҷавони малламӯи сафедпӯст, ки дар китф автомати немисӣ дошт, дар тарафи чапи тасмааш корди финӣ овехта буд, ба наздиктари ҷанговарони Осмухин омада, пилоткаи рангпаридаи чиркини то болои абрувонаш нимкаҷ пӯшидаашро аз сар гирифту пас аз салом гуфт:
– Аввал барои нӯшидан ду-се қулт об медодед, рафиқон...
Ба вай обдонро дароз карданд. Солдат бо ҳирси том якчанд қулт об нӯшиду баъд боз пилоткаашро ба сараш пӯшида, бо ҳасрат даст афшонду гуфт:
– Кор чатоқ, бародарҳо! Лаънатӣ фашист худро мурданивор ба пеш зада истодааст.
– Ҳоло дар куҷо? – пурсид ҷанговари дигар.
– Шайтон медонад, ки ҳозир ба куҷо омада бошад, замину осмон пур аз танку самолёт.
– Худи шумо ба куҷо равона?
– Барои аз нав ташкилёбӣ, – ҷавоб дод аскари малламӯй. – Устувор истед, ҷӯраҳо, насиб бошад, мо ҳам боз аз қафо ба мадад расида меоем. – Вай давида ба рафиқони пешрафтаи худ расида гирифт.
Аз паси гурӯҳи аскарҳои гузаштарафта як мошини алобулои мошранги «М – 1» расида омада, дар пеши роҳ истод. Аз даруни вай се кас – як марди қадпасти фарохсина, ки дар сари синааш дурбин овехта буд, як марди харобакаки мӯсиёҳ ва боз як каси аз қиёфааш бистуду – бистусесола баромаданд. Шахси якум – фармондеҳи дивизия Людников, дуюм фармондеҳи полк майор Максиов, сеюмаш ёвари фармондеҳи дивизия лейтенанти хурд Харченко буд. Фармондеҳи полк аз полковник пештар ба тарафи сангари отделенияи Сафар омада, аз Нозири камаровӣ пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё