ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ҳавлии хосаш дуртар аз Саломхона, аз ҷои кори Амир, ва дар рӯ ба рӯи ҳарам ва наздик ба бурҷи шарқии Арк, дар паноҳи ду–се дарахти бебор воқеъ аст; ва маҳрамбачаҳо одатан рӯзҳои чоршанбе, баъди як соати наҳор хӯрдан, дар рӯйи ҳамин ҳавлӣ ғун меомаданд, ки дидорбинӣ бикунанд бо Амир. Ва ин маҳрамбачаҳо, як даста наврасу ҷавон, аз ҷумлаи аскарони шефскӣ ва ё терскӣ буданд, ки сараскарҳо либосҳои рангоранг – сурх, сафед, сабз, бунафш – пӯшонда, орову торо дода, ба ин ҷо мефиристониданд, то ки бо нозу ишва вақти амирро хуш бикунанд. Ва ин бачаҳои бериш ҳар кадоме як зарф – лаълича, табақча, тақсимча ба даст ва андаруни он зарфҳо қанду қурс ва конфету ҳалвоҳо, дар сояи тунуки дарахтҳо бозор барпо мекарданд ва он бозори ширинифурӯшӣ ном дошт ва аҳли рикобу аҳли дарбор, дар ғойиб, бо тамасхур, «ҷойи ширинбозии Амир» мегуфтанд ва ширинбозони беришу олуфта дар гӯшае нишаста ва ё рост истода ва ё қадамзанон давр гашта, харидор меҷустанд:
– Қанд гиред, қанд. Каллақанди Ҳиндустон.
– Конфет. Конфети фаранг. Ба даҳон партойӣ, об мешавад.
– Ҳалвоба биёед. Ҳалво не, роҳати ҷон…
Ширинифурӯш як даста, вале харидор як нафар, як худи Амир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё