Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дафтари дуввум

ТАЛОШИ САЛТАНАТ

Ин саҳар ягона нишонаи гӯёи зиндагӣ дар деҳаи Ҳаёти нав ғурроси мошини Дилмурод буд. Дигар садои баланде ба гӯш намерасид – на овози бригадири колхоз, ки номи ягон касро гирифта ҷеғ мезад ва коре мефармуд; на тартару питпити телешка, ки аз ҷое ба ҷое бор мебурд; на садои тиру БТР, ки як ҳафта боз аз дуриҳо ба дилҳо ваҳм меандохт.
Дилмурод мошинашро даргиронд, ки ҷои кораш биравад. Вай собиқаи кори қариб чилсола дорад ва ҳамеша таҳлукаи кор ҳамроҳаш мегардад – агар соате дер монад, ба назараш низоми ҷаҳон вайрон мешавад. Се рӯз боз роҳ банд, се рӯз боз, бино ба ахбори радио, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷанг, ва се рӯз боз вай ба кор нарафтааст, ва дар ин се рӯз дар идора чиҳо шуда бошад?
Одатан вай аз деҳа бо роҳи колхозӣ ба шаҳр мерафт – танг ва каҷу килеб ва пасту баланд ва нообод, вале наздиктар аст. Аммо имрӯз сар–сари наҳр ба шоҳроҳ баромад, то бубинад, ки ин қадар бензин аз куҷост, ки тамомшавӣ надорад? Ва дар назди пули шоҳроҳ ду сестерн– вагонро дид. Бензин аз ҳамин сестернҳо заҳида ба об мефуромад – тир расидааст ва ё зарб хӯрда дарз овардааст.
Аз вокзали роҳи оҳан овардаанд. Чӣ хел оварда бошанд ба ин бероҳа? Лаънатиҳо! Ба овардан овардед, баъд нигоҳубин намекунед?!
То шаҳр се–севу ним километр роҳ боқӣ монда буд, ки ду наврас, дар миёнҳо тасмаву тирдон ва камони Калашников сари даст, пеши роҳашро гирифтанд. Дилмурод мошинро нигоҳ дошт. Якеи онҳо ба мошин наздик омад:
– Фаро! Мошинро мону худат бирав!
– Барои чӣ?

пешина
аз 435
навбатӣ