Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рақсу синаҷунбонии амрадбачаҳо сарфаҳм намерафтанд; ва сарбозони сурхпӯшу кулоҳдарозро, ки ба шарафи истиқболи Амир дар майдон машқ мекарданд, рӯзе ду бор дида, садои карнаю сурнай ва дафу нақораро шунида, дар дил ба низоми мулки бенизомӣ механдиданд; ва ҳашт рӯз такрор ба такрор ҳамон таомҳоро мехӯрданд, дар ҳамон ҷойҳо мегаштанд ва ҳамин манзараҳоро медиданд; ва Иван ба ёронаш гуфт:
– Ин якрангӣ одамро девона мекунад!..
Қофилаи Амир аз дарвозаи Работ даромад. Ин дарвозаро генерал Абрамов, вақти муҳорибае, ки Китобу Шаҳрисабзро ғасб намуда ба тобеъи Амир даровард, валу вайрон карда буд ва шикаставу рехтаҳои он барҷой меистод, вале ин харобаи пеши чашм ба тантанаву дабдабаи истиқболи ҷаноби олӣ халале нарасонид,–майдони дарвозаи бедарвозаро рӯбу чин карда об заданд, сарбозони сурхпӯш, ба ҳамон тартибе, ки қаблан машқ кардаанд, саф оростанд, ва бонги карнаю сурнай ва гумбурости таблу дуҳул, ва мавҷи анбӯҳи одам, ва фойтуни Амир аз байн мегузарад. Ва лаҷомкашҳо аз ду тарафи фӯки асп, ва сарбозон таъзим карданд, ки кулоҳашон ба замин расид, ва амрадон ба зарби дойра мерақсанд, ва анбӯҳи одамӣ каф мекӯбад; ва даҳонялаҳо чашм калон кушодаанд, ва аз ҳамроҳони Иван яке пинҳонӣ сурат гирифт. Ба ин маросим аз деҳот низ барои салому тамошо омаданд, ки дар байнашон як чоруғпӯши телба зуд ба чашм мерасид – як марди ғалча, шонапаҳн, гарданкӯтоҳ, ва ба ҷои салла ҳафт газ латтаи норинҷӣ ба гирди сараш бастагӣ; ва ӯро намонданд, ки ба қалъа дарояд:
– Гард, ақиб гард. Ин ҷои ту не!
Ва ӯ ба илтиҷо даромад:
– Аз роҳи дур омадам. Ба амирам арзи заруре дорам.
Бисёр зарур…
Нӯкар амр дод:
– Гӯй арзатро. Бубинем лоиқи гӯши Амир ҳаст, ё не?
Марди ғалча арз кард:
– Бист ё бисту панҷ рӯз пеш дар деҳаи мо як кампир касал шуд.

пешина
аз 435
навбатӣ