ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Мисоли равшанаш муҳориба дар Волга, ки ман асир афтодам, ва ин ҳама ҷанобоне, ки дар ин ҷо, дар курсиҳойи ҷинояткорон нишастаанд».
Ва сиёсатмардону ҳарбишиносони Лондону Вашингтону Пориж, ки аз таҳти дил заволи СССР ва тартиби ҳаёти коммунистиро мехостанд, вале аз тарси тасарруфи фашистӣ, дар солҳойи охири ҷанг, тарафи давлати шӯравиро гирифтанд, баъди ғалаба ба андешаву таҳлука афтоданд, – Берлини абарқудрат шикаст хӯрд ва Москови камқувват ғолиб баромад. Чаро? Мебоист ҳар ду тараф харобу абгор мешуданд ва абарқудратӣ ба дасти Лондон мегузашт, аммо корҳо ҳамааш чаппа гашт, – шӯравии камқувват ва «вабойи асри бист, коммунизми оламсӯз», оламгир шуд.
Охир, умед инчунин набуд?! Фашистҳо фақат аз ёздаҳ давлате, ки забт карданд, барои яксаду панҷоҳ дивизия техникаи ҳарбӣ ғанимат гирифтанд. Сипоҳу силоҳи худи немисҳо аз сипоҳу силоҳи шӯравӣ ба маротиб бартарӣ дошт, – Аскару афсараш қариб ду баробар ва танкҳояш якуним баробар ва самолётҳойи навбаромади ҳарбияш севу ним баробар зиёд буд. Бо вуҷуди ин ҳама қувваи оташфишон ва тарканда ва сӯзанда, боз ғолиб омада натавонист, ба хок яксон шуд. Муаммо?!
Ва дар Лондону Вашингтону Пориж сиёсатдонҳову равоншиносону ҷомеъашиносону аҳли илми ҳарбу ҷосусони идеологӣ, дар парламонҳову академияҳову ситодҳо машғули омӯхтан ва кушодани ин муаммо. Ва омӯхтанду ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсим карданду ниҳоят ба хулосае расиданд, ки «Ғолиб рӯҳи мардум аст. Сипоҳро ҳарчанде, ки қодиру қоҳир бошад, мағлуб кардан мумкин. Силоҳро, ҳар қадаре ки бадошту зиёд бошад, шикастанаш имкон дорад. Лекин рӯҳи мардум қавӣ бошад, мағлуб кардан мумкин нест. Эътиқоди мардум ба хосташ ва орзуву ормонаш сахту мустаҳкам бошад, шикастан имкон надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ