Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар ин Ҳайҷойи азим, ки Оламу Одам ном дорад, кулли муноқишаҳойи хурду бузург, ва ҷангҳойи дохиливу хориҷӣ, ва табаддулоту инқилобҳо, ба даъвоҳойи бартарии дину мазҳабҳо ва судхоҳии дорову нодорҳо, бунёд шудааст, ва бунёд мешавад. Ва дар макону замон мадду ҷазри доимӣ доштаасту дорад. Ва агар Инсонҳо рӯ ба Хирад наёваранд ва Хирадро роҳбари рӯзгор нагиранд, ва аз ин ду манбаи балову офат ҳазар накунанд, аз ҷаҳли ҷанг ва ҳирси ғорат халос нахоҳанд шуд.

9
Дар аввали асри бист ҳирси молу мулк рӯз ба рӯз
бештар шуд, ва рақобати дороҳо авҷ гирифт, – ба заминҳойи беоб об мебароварданд, майдонҳойи киштро васеъ мекарданд, зовуду фабрик месохтанд, аз кори дастӣ ба
кори механикӣ мегузаштанд, қувваи кори арзон
меҷустанд, бозорҳойи серхаридор ёфтан даркор буд. Ва
нодорҳо безамин мешуданд, асбоби кишт надоштанд,
ҷуфти гову аспу ароба харида наметавонистанд, хонаву
дарашонро гарав мемонданду мефурӯхтанд, коркобиву
нонёбӣ мебаромаданд, дари зовуду фабрикҳо мерафтанд,
коргарони кироя ва каммузд буданд онҳо. Ва дороҳо ба
дороияшон доройӣ меафзуданд, ва нодорҳо аз он рӯзи бадашон боз ба рӯзҳойи бадтар гирифтор мешуданд… Ва
дар фабрикаи бофандагии Иваново-Зуево мошини читбофӣ дасти коргарро хойид ва аз бандаш канд; ва дар Лвов якбора сию чор коргар аз заҳри масолеҳи зовуд заҳролуд шуд, ки табибон муолиҷа карда натавонистанд; ва дар биёбони регзор, байни Ашқобод ва Келиф, аз ҳабдаҳ коргаре, ки роҳи оҳан месохтанд, нӯҳ нафарашро офтоб зад – сип-сиёҳ усӯхта барин сӯхтанд; дар заводи пахтаи Қӯқанд ғарами бастаҳойи пахта фурӯ рехт ва коргарон зери бастаҳо монданд, ва сутунмӯҳраи ду кас шикаст; ва дар анбори Когон боркаше дар торикӣ пешпо хӯрд.

пешина
аз 435
навбатӣ