ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
ба ман маслиҳат мекард, фикри маро мепурсид, ки:
– Ҳамту кунем, чӣ мешавад-а, ҷиянам? Масалан гӯем, ҷомаи бамаслиҳат кӯтоҳ намебиёяд, ба ҳамин кор ту чӣ мегӯӣ?
Аз ин муносибати тағоиям ман шердилтар мешудаму роҳҳои тоза ба тозаи пулёвиро меҷустам ва аксар дар ин роҳ корам омад мекард.
Ман акнун танҳо ҳаракат мекардам, ки Абдулатифтағоро нафаҳмонида фиреб диҳам.
Дар ин айём ман худро ҳақиқатан як бачаи кордону корфаҳм ва хеле хушбахт ҳисоб мекардам.
БАХТ БЕҒАШ НАМЕШАВАД
Оре, дар ин айём ман худро умуман хушбахт ҳис мекардам, вале кадом бахт бе қилу қол, беғаш шудааст?
Ҳамин тарз, дар рӯи моҳи бахти ман ҳам гоҳ-гоҳ доғи нохушӣ пайдо шуда, диламро сиёҳ мекард.
...Чунон ки дар мавридаш гуфта будам, ман бисёр мехостам даруни шахтаро бубинам, аммо чуръат намекардам, ки ба касе аз ин хусус даҳан кушоям.
Вале аз воқеаи карасин дере нагузашта, ба ин орзуи худ расидам.
Дар байни коргарони шахта як марди чорпаҳлӯи паҳлавонсурат, вале хушҳолу беозоре буд, ки хурду калон ӯро Вася-амак гӯён ном мегирифтанд. Вася-амак дар рӯи сафеди калонаш доғҳои зиёди кунҷитак дошта, мӯи сараш чунон зарди баланд буд, ки гумон мекардед дар болои сараш оташ аланга мезанад.
Вася-амак якчанд бор аз ман чиз харида буду маро мешинохт, ҳатто ба ман бо забони ширини худ «ашно!»
гӯён хитоб мекард. Ман аввалҳо гумон мекардам, ки вай танҳо маро ҳамин тавр меномад, аммо баъд дидам, ки ба ҳама ҳам бо ҳамин «ашно»-и хандаовари худ муроҷиат мекардааст.
Рӯзе дар гирду пеши шахта пилмида гашта будам, ки Вася-амак аз тарафи завод як аробачаи чорчархаро аз болои релсҳо ронда овард. Аробача бо шакли худ паллаи тарозуи анборро ба хотир меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё