ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
ки аз кисааш пул бароварда пурсид:
– Чанд пул мешавад як литраш?
Ман сар бардошта ба ӯ ҷавоб доданӣ шуда даҳан кушодам, аммо гапам дар даҳонам монд.
Ба сӯи мо тез-тез қадам монда Абдулатиф-тағо меомад! Дар байни мову ӯ ягон понздаҳ қадам роҳ монда буду бас.
Дасту по хӯрдам. Фурсати фикр кардан набуд.
Ман дар болои сарам рост истодани занаки фаранҷидорро аз хотир бароварда, ба мард гуфтам:
– Сӣ сӯм!
Ана дар ҳамин вақт занаки фаранҷидор бо овозе, ки ба гӯши ман аз гулдурроси раъд ҳам сахттар расид, маро карахту лол карда ба гап даромад:
– Аҳа, ту чӣ хел бача, уко? О, ба ман сию шаш сӯм гуфтию? Ин хел, ки бошад, ду сӯм не, панҷ сӯм, гардонда метӣ-дия. Ҳамту-не?
Абдулатиф-тағо, ки кайҳо ба назди мо расида омада буд, гапҳои занакро аз аввал то охир шунавид албатта ва дарҳол фаҳмид, ки таги гап чист.
Намедонам, ду-се литри боқимондаро чи тавр карда фурӯхтам.
– Канӣ, хез, – гуфт тағоиям вақте ки охирин литри карасинро ба човаи харидор андохтам.
Ман оҳиста, бо гӯшаи чашм ба рӯи ӯ назар андохтам.
Ӯ қавоқашро андохта буду хеле хашмгин менамуд.
– Гард! – гуфт ӯ бори дигар ва қафо гашта ба роҳ даромад.
Ман ҳам бо биниам заминро хат кашида, аз паси ӯ равон шудам.
Абдулатиф-тағо маро ба чойхона сар карда бурд. Ин ҳамон чойхонае буд, ки мо бори аввалин бодиринг харида, интизори мошин шуда нишаста будем.
Абдулатиф-тағо ба ман аз рӯ ба рӯи худ ҷо нишон дода, ба самоварчӣ чой фармуд. Самоварчӣ чой оварда монд. Ман бо тапиши дил интизорӣ мекашидам, ки кай ӯ ба гап сар мекунад. Аммо ӯ гӯё маро дурусттар азоб доданӣ буд, ҳеҷ гап сар намекард. Ман, ки бо сари хам менишастам, танҳо ҳаминро ҳис мекардам, ки ӯ чашм наканда ба ман нигоҳ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё