ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ДУХТАРАКИ НОМДОР
Духтараки номдор,
Ёракашро интизор,
Дар танаш куртаи шол,
Рухсорааш чун анор.
Аммо наёмад ёраш,
Он бевафо дилдораш.
Зоҳир бишуд хиҷолат
Дар рўи чун анораш.
Наёмадӣ ёракаш,
Бевафо дилдоракаш.
Мўҳояшро бо гулҳо
Гирди сар дода оро,
Наёмадӣ ёракаш,
Бевафо дилдоракаш.
Пажмурда гашта гулҳо,
Бў ҳам рафта аз онҳо.
Дарро кушода монда,
Чашмаш ба раҳ доимо.
Бо умеде меоӣ,
Меорӣ куртай шоҳӣ,
Аммо наёмадӣ ту,
Шуд ҷои хобаш холӣ.
Наёмадӣ, ту ёраш,
Эй бевафо дилдораш.
Нигаҳ дошта вақти хоб,
Як бўсаи ҷудо боб,
Наёмадӣ ёракаш,
Он бўса ҳам бишуд об.
ФАҲМИДАМАТ
Сармашқи шеъру зиннати ашъори ман будӣ,
Шабҳо ба пеши дидаи бедори ман будӣ.
Бо гуфти худ, ҳамеша вафодори ман будӣ,
Охир чӣ шуд, ки аз пайи озори ман шудӣ?
Бар он ҳаёву шарми ту бовар намекунам,
Бар гуфтаҳои нарми ту бовар намекунам,
Ҳам бар нигоҳи гарми ту бовар намекунам,
Бовар ҳамекунам, ки ҷафокори ман шудӣ!
Нақши нишаста гирди лабат аз лабони кист?
Дар он нигоҳи сарди ту акси ниҳони кист?
Дар ҳарфҳои нарми ту неши забони кист?
Фаҳмидамат, ки маҳрами ағёри ман шудӣ!
Рав, рав, ки ёди васли ту аз ёд меравад,
Чун оҳуи рамида зи сайёд меравад,
Сўзу гудоз яксара бар бод меравад,
Бо макри хеш дилбару дилдори ман шудӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё