ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ДАР ЛАБИ ОБЕ
Дӣ шабе буд, ки ранҷида нигорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Бахт хандида хиромон ба канорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Хуб санҷид, ки ман ошиқи як дилдорам,
Соф як дил дорам.
Ду нашуд ҳарфашу бар дидаи чорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Аз лаби обу рухи моҳу дилу дидаи шаб
Ҳама шаб бўсидам.
Бо насими саҳарӣ авҷи хуморам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Мўй – рашки шабу рух – таъназани моҳи мунир,
Нигаҳи оламгир.
Пайки хуршеди фалак дар шаби торам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Рафта буд аз бари ман сабру шикебоии дил –
Ҳама дороии дил.
Ҳамраҳаш боз ба дил сабру қарорам омад.
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Рўи санг омаду оҳиста бигуфто: – Боқӣ,
Дар садоқат тоқӣ.
Ҷўш зад ишқи ҷавонию мадорам омад.
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
НИГОҲЕ
Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе,
Пеш аз рухи хуршед бубинам рухи моҳе,
Чун чамбари гул гирди сараш мўи сиёҳе,
Дуздида ба сўям бикунад гоҳ нигоҳе.
Эй дил, ту гувоҳӣ,
Эй дида, паноҳе!
Аз қомати ў сарву санавбар шуда ҳайрон,
Сарсабз шуда аз қадамаш нахли хиёбон,
Рашк аз лаби зебош барад лаъли Бадахшон,
Гул дар назарам пеши рухаш ҳамчу гиёҳе.
Эй дил, ту гувоҳӣ,
Эй дида, паноҳе!
Аз баҳри ман ин хонаву ин роҳ азиз аст,
Аз баҳри ман ин боғу гузаргоҳ азиз аст,
Аз баҳри ман ин ҳусни саҳаргоҳ азиз аст,
Дил бурда зи ман моҳи дилоро ба нигоҳе.
Эй дил, ту гувоҳӣ,
Эй дида, паноҳе!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё