МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин ба он модагург вохўрданду чуну чароҳои беохири Усмон Азиз як муддат қатъ гардиданд ва ҳоло ана... ўро аз нав ба доми худ мекашанд.
Чӣ илоҷ, то зинда аст, одамизод хотираашро – вай хоҳ нек бошад, хоҳ бад – ҳамроҳ гирифта мегардад. Хотира... ё ҳофиза ба мисоли як узви бисёр азизи тану ҷони ўст. Узве агар аз кор монад, бар замми ин ҳамон узв агар барои рўз дидан ниҳоят муҳим бошад, – чӣ мешавад одам? Ним одам мешавад, ё дасташ берун аз гўр, ба хоки хунук меравад...
Хотира чун камтарин миқдори нуқра, ки обро аз гандидан эмин медорад, ба одамизод нағзу бадашро ёдрас карда, ўро дар хусуси рўзгораш ба андеша мебарад. Хотира ҳаст, ки мардум расму оин ва урфу одати ниёгонро давом медиҳанд; ба некӣ ҷавоби нек мегардонанд; бадиро фаромўш накарда, ҷояш ояд, қасос мегиранд... Алҳақ, бе ҳофиза, бе ин раҳнамои ҳаёти инсон, зиндагӣ ҳеҷ маънӣ надорад!
Ҷисми бақувваташ дар ҳавои гашти сиёҳмушкин гоҳ-гоҳ такон хўрда, Усмон Азиз вазъияти худро ба чунин насақ хаёлан сафед мекард.
Вай ҳамагӣ чилу панҷ сол дошт. Аз ин чилу панҷ сол қариб шаш солаш дар табу тоби ғурбат гузашт. Агар зинда монад, ин тарафаш ҳам яқин ба дарди захми ғарибӣ мегузарад... Аслан чӣ лозим буд дубора орзуи ватан кардан? Худаш-ку медонист: аз дасти пойлучҳо дигар амон нест. Ё ба онҳо тан медиҳӣ, ё аз молу мулкат, зану бачаат ҷудо гардида, ҷон ба ҷаббор месупорӣ. Агар ба ёфту тофтат дилат сўзад, ё ҳаётат бисёр азиз бошад, тадбир якта: ҷилои ватан мекунӣ. Дигар илоҷат нест... Дар ин дунёи ноором ҳар кас бояд ғами худашро хўрад. Вагарна бехабар мемонад, ки чӣ тавр ба гирдоби бало печидааст.
Усмон Азиз чӣ?
Вай ҳам ғами худашро хўрд. Дар ин гирдоби беамон мисли додарам ҳалок нашавам гуфта, роҳи гурезро пеш гирифт.
Ва ана оқибаташ...
Усмон Азиз оҳ кашид ва ёлу гардани сиёҳмушкинро беихтиёр сила карда, қоматашро баландтар бардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё