Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Душманашон кӣ буд?» – дар ҳайрат пурсидам ман.
«Ҳар хел одамон, барача, – гуфт ў бадард – Ту ҳоло кўдакӣ, ба фаҳми ин чизҳо намерасӣ. Аз рўзе ки мардум вуҷуд доранд, дар байнашон душманӣ ҳаст. Худои карим аслан ҳама фарзанди инсонро аз як гавҳар офарида, ба сари китфи ҳар кадоми онҳо раҳмон ном қуввае ато мекунад, ки вай одамизодро аз раҳи бад нигоҳ дорад. Аммо шайтони раҷим – душмани ашаддии парвардигор, ки касбаш фақат вайронкорӣ аст, раҳмонро зуд фиреб дода, аз китфи дигари инсон ҷой мегирад».
То имрўз аз хотирам нарафтааст, ки он шаб раҳматӣ бобоям ба ҷониби ҳамин кўҳҳо дуру дароз нигариста, як оҳ кашид. Чунон ба алам ва чуқур оҳ кашид, ки дар тасаввурам шушаш сўрох гардид.
«Баъд чӣ?» – пурсидам ман, бетоқат шуда.
«Баъд... Баъд ана... дар баробари некӣ бадӣ ба миён меояд, – гуфт вай, ҳушу ёдашро ғундошта. – Аз як тараф раҳмон ба гўши фарзанди одам мехонад, ки ҳалол бош, зинҳор хун нарез, ғорат накун... Аз тарафи дигар шайтони лаин пеши гапи ўро гирифта, ширин-ширин мегўяд, ки не, дар ин чоррўза дунё хўрдану бурданат мемонад; бад бош, ки аз бад метарсанд; ҷояш ояд, барои нафсат хун рез, ғорат кун... Ақидаи ман, барачаи бобо, – одам агар баирода бошад, фақат ба маслиҳати раҳмон гўш медиҳад, беирода бошад, ба гапи шайтон меравад».
«Дар дунё одами баирода мўл, ё беирода?»
«Албатта баирода мўл. Вагарна ин дунё кайҳо зеру забар мешуд. Лекин беирода ҳам кам не. Ту... ту ҳеҷ гоҳ ба тарғиби шайтон гўш надеҳ. Мисли бародарат бачаи қобил шав, падарат барин баирода шав. Хуб?.. Ҳамеша дар ҳаққат дуои нек мекунам».
«Хуб, – гуфтам ман ва хаёлам боз побанди оташакҳо гардида, пурсидам: – Номи ҳамон кўҳ чӣ?»
«Чилчароғ, – гуфт бародарам, ки сар дар болин, то ҳол хомўш буд. – Намедонӣ?»
«Рост мегўяд, – зуд тасдиқ намуд бобоям, – номаш Чилчароғ».

пешина
аз 551
навбатӣ