Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷалол дарҳол аз нишебӣ ба мисли ғелидани тўб каме поин фуромад.
– Ист!
Вай худи ҳамон лаҳза истода, гўё дар ҷояш шах шуд.
– Ба ман нигоҳ кун!
Вай дар азоб тоб хўрда, ба Усмон Азиз рўй овард. Рангаш докасон канда, чашмонаш чашми мурдаро мемонданд.
– Парто туфангатро! Қаторвазнаро ҳам парто!
Баъде ки Ҷалол фармони ўро фавран ба ҷо оварда, дастони ларзонашро намедонист ба чӣ машғул дорад, Усмон Азиз ба Ғуломҳусайн нигарист.
– Рав, гир...
Вай зуд аспашро ба сўи Ҷалол ронда, дар як хам шудан ҳам туфангу ҳам қаторвазнаи пур аз тирро шоҳин барин чанг зада, ба қоши зин бардошт. Ва лаҷомро қафо гардондан баробар...
Садои тир баромад.
– Ана мурдан!
Ҷалол, ки ҳаргиз инро чашмдор набуд, ба оҳанги зориву тавалло:
– Не-е-ее! – гўён сари синаашро қапида, якпаҳлу ба замин ғалтид.
Ва ҳамоно, дар гўш аллаи модару дар мағзи ҷигараш панҷаи сўзони марг, чунон ки аз ҳалқаи тумани гарм ва ширранг бошад, дар пеши назар деҳаи хурди кулбаҳояш сангинро дид. Дар хаёлаш рўдаки пошнаи он пур аз об шуда, яқин ба хурўш омад; кўҳи кабуди болотар аз деҳа то худи осмони ҳафтум қад кашид. Зебо ва ларзон буд деҳа. Дар мобайни он, дар айвони чун гаҳвораи кўдак ҷунбони як хонаи сангин, пиру кампире дар раҳи ў мунтазир менишастанд. Риши пир сафед, мўи кампир сафед...
Пойҳояшро кашида, вай ғунча шуд. Сипас, дар қабзааш чанд тор алаф, дандон ба дандон монда, охирин мадорашро ҷамъ оварду оҳиста ба тахтапушт гашт. Аз бағалаш кулчаи ширмоле лағжида, бесадо ба замин расид ва рў-рўи сабзаи нарм каме ғелида, ба як санги сиёҳ дакка хўрд.
Шилдироси рўдаки Симсим қатъ гардид. Деҳа низ ҳамоғўш ба пиру кампир гум шуд. Кўҳ сарнагун рафт ва Ҷалол...

пешина
аз 551
навбатӣ