Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Марду зан шукр мегуфтанд, ки фалокате рух надод. Усмон ҳам дар фарқи сараш нохост дасти навозишкори падарро эҳсос карда, зуд ба худ омад ва бе ғаму дард гашта машғули бозӣ шуд.
– Паланг... – гуфт падараш, нафаси озод кашида.
Аммо вай аз ин ҳеҷ чиз нафаҳмид. Зеро мешу бараҳо боз маос мезаданд, сагҳо дигар наметарсиданд, занҳо аз нав шир медўшиданд, бачаҳо медавиданду меҷаҳиданд. Боз насими серуни баҳорон вазида, бедареғ роиҳаи гулу гиёҳ меовард.
Гўё ногаҳон пайдо шудани он ду ҷонвар ва як муддат дам фурў бастани авул фақат рўъё буду бас.
Усмон Азиз ҳоло ин воқиаро ба ёд оварда, ҳасратомез аз дил гузаронд, ки акси хоб буд ё не, дар ҳар сурат он манзара ҳаргиз аз лавҳи хотираш зудуда намешавад. Вай махсусан дар ғарибӣ зуд-зуд пеши назараш меомад. Ва Усмон Азиз, дар машом бўи сабзаву бараҳои навзод ва ширу қаймоқи авули Барвеш, тамоми вуҷудаш аз ёди кўдакӣ тапида, ғамгин хаёл мекард, ки он ду паланги оча-бача аз ў бисёр не, ҳамагӣ як қадам дуранд, танҳо як қадам...
Вале ин як қадам чӣ қадар дароз аст!
...Онҳо қариб ним соат раҳ гашта, ба дараи Оҳугузар даромаданд. То ба ҷодаи Нилу пайвастан боз каме нишеб рафтан лозим меомад. Усмон Азиз лаҷоми сиёҳмушкинро кашид, ҷонвар ҳамоно истод. Қурбону Ғуломҳусайн низ аспҳои худро нигоҳ доштанд. Аз қаъри дара гулдуроси дарёи Кофрун ба гўш мерасид. Дар он соҳили рўдхона шахҳои баланди сербутта мазбут тўл кашида буданд.
Усмон Азиз, ки дар вақташ аз дараи Оҳугузар садҳо маротиба рафтуомад карда, ин ҷойҳоро хуб медонист, гирду атрофро таҳти назар гирифта, зуд муайян намуд, ки ба ҳисоби масофа расо аз мобайни деҳаи Дизак ва Нилу баромадаанд. Агар дар поин ба гузари калон расида, тарафи дасти рост гарданд, пас камобеш дар бадали ду соат, шояд офтоб нашишта, ба Нилу дохил мешаванд.
Нохост нигоҳи Усмон Азиз дар як нуқта қарор гирифта, ба абрувонаш гиреҳ афтид.
– Савораҳо магар? – гуфт ў зери лаб ва ба ҳамон самт боз фурсате дурусттар назар дўхта, андешавор суоли худро тасдиқ намуд: – Бале, саворон...

пешина
аз 551
навбатӣ