МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Усмон Азиз пеш-пеш мерафт.
Борон дигар намеборид. Офтоб гоҳ рух намояд, гоҳ дар пушти абрҳои ҳоло сабук мемонд, ки оҳиста-оҳиста парешон мешуданд. Баҳор дар авҷ буд – сабзаҳои ягон соат қабл аз ин дар зери шохборон хобида гўё пичир-пичиркунон ба ранги тоза мехестанд. Ва ба ҳар ҷониб тоб хўрда, дидори гарми офтобро меҷустанд. Дар нўки баргҳои сўзанвор борик ва тези дарахтони арча, чун ашк дар сари мижгон, қатраҳои софи борон меларзиданд. Атроф моломоли равшанӣ ва ҳавои ҷонбахш буд. Дар пеш кўҳи Ҳафтсар… қуллаҳояш аз барф сапсафед, бузургворона қад кашида, ҷо-ҷо кабудча метофт. Аз пушту паҳлу бодаки серун вазида, ба димоғ накҳати ипорро меовард, ки гиёҳи камчин ва хўрдании бамаза буда, хушк шавад ҳам, бўи форамаш моҳҳо намеравад. Баъзан дар таки ин ё он арча ё аз паси кадом харсанг кабке қақара-қақар ба хониш медаромад.
Аспҳо дум ба дум таноби масофа кашида, саворони худро, ки ҳама хомўш буданд, якмаром пеш мебурданд. Гоҳ-гоҳ аз зери суми онҳо лой чарахса кунад, гоҳи дигар садои ба санг бархўрдани наъл шунида мешуд.
Усмон Азиз дар болои сиёҳмушкин устувор нишаста, сараш андак хам, сукут меварзид. Дилаш ғарқоби хун гардида, вай ҳамчунон дар азоб фикр мекард, ки баъди шаш соли ғурбат... имрўз ниҳоят чӣ тавр ба Нилу медарояд. Одамон ўро дида, чӣ мегўянд? Рўи хуш медиҳанд, ё не? Шояд дар Нилу ҳам калхоз сохта бошанд...
Пас Саидназар чӣ ҳол дорад?
Хоҳараш Ороста чӣ?
Усмон Азиз сар бардошта, як нафаси муназзам кашид.
Чашмони дар асари бехобиву хаёлҳои вазнин хастааш аз ранги зумуррадгуни сабзаҳои қади пайроҳа ва арчаҳои хушбўй нури тоза мегирифтанд. Вай сандуқи синаашро пур карда, боз чуқур-чуқур нафас кашид. Ва нохост дилаш гум зад. Гумонаш, ки омехта ба роиҳаи гулу гиёҳ аранге бўи бараҳои навзод ва ширу қаймоқи авулро шунид. Баъд сараш гирд гаштагӣ барин оҳиста чашм пўшид. Аммо ин бўи аз кўдакӣ шинос димоғи ўро тарк накард, балки тезтар шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё