Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҷав барои юнучқаю қатраборон зироати муҳофизи (покровная) хуб аст. Онро омехта бо мушунгу мунҷ ҳамчун зироати фосилавие, ки дар зимистон қобилияти сабзиш доранд, истифода мебаранд. Коҳи ҷав низ хўрокаи пурбаҳои чорво аст.
ҲОСИЛНОКӢ. Дар Тоҷикистон ҳосилнокии миёнаи дони ҷав дар даҳсолаи охир аз 9,9 то 15,1 с/га тағйир ёфтааст. Ҳосилнокии ҷави тирамоҳӣ дар шароити мусоид нисбат ба ҷави баҳорӣ 1,5-1,7 маротиба зиёд аст.
Хоҷагиҳои пешқадам ҳангоми риоя намудани усули пешқадами парвариши он дар заминҳои обӣ ҳосилнокии дони 35-40 с/га ва аз он ҳам бештарро ба даст овардаанд. Дар заминҳои лалмӣ бошад, то 20-25 с/га ҳосили дон гирифтан имконпазир аст. Хоҷагии собиқ «Коммунизм»-и ноҳияи Рўдакӣ соли 1989 дар заминҳои обёришаванда ҷави навъи «Умед» кошта, 46 с/га ҳосили дон гирифта буд.
Дар шароити заминҳои лалмии ноҳияи Темурмалик ҳосилнокии ҷави бригадаи Тураев Бобоқул 25 с/га-ро ташкил карда буд. Ҳосили баланди дони ҷав дар совхози «Данғара»-и ноҳияи Данғара низ гирифта шудааст.
Дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи тарзи тарҳрезикунии ҳосилнокии зироатҳо ва тадбиқи унсурҳои (элементҳои) усули шадиди парвариш аз ҳар як гектар замини обёришаванда 50-52 сентнер ҳосили ҷави навъи Ченад-345 гирифта шудааст.
Тадбиқи усули шадиди парвариши ҷав имконият дод, ки дар хоҷагии «Искра»-и ноҳияи Тимашеви кишвари Краснодар аз ҳар як гектар 71,2 сентнер дон гирифта шавад. Аз ин мисолҳо бармеояд, ки ҷав иқтидори баланди маҳсулнокӣ дорад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Ҷав ба оилаи ғаллагиҳо (Поасеа) авлоди Хордеум (Hordeum l.) мансуб аст. Аз 28 намуди он танҳо ҷави кошташаванда Х. сативум дар истеҳсолот паҳн шудааст. Ин намуд се зернамуд дорад: ҷави бисёрқатора ё муқаррарӣ- Х. вулгаре Л., ҷави дуқатора- Х.

пешина
аз 314
навбатӣ