Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Пас аз бордоршавии тухм ҳуҷайра зигота ташаккул меёбад, ки дар он мабдаи ҳамаи аломат ва хосиятҳои растании оянда ғун мегардад.
Ҷанин дар ҷараёни инкишофёбӣ моддаҳои ғизоии эндоспермаро барои ташаккулёбии худ истифода мебарад. Аз ин рў аз тухмиҳое, ки соҳиби эндоспермаи калон мебошанд, растаниҳои нисбатан пурқувват ва солим ташаккул меёбад.
Агар дар растаниҳои хўшадор моддаҳои ғизоӣ дар эндосперма ғун гашта бошанд, он гоҳ дар зироатҳои лўбиёгӣ онҳо дар ду тухмпалла ҷойгир мешавад. Давомнокии ташаккулёбии ҷанини тухмиҳо аз зироат, навъ, давраи нашъунамоӣ ва агротехникаи парвариш вобастагӣ дорад.
Дар зироатҳои хўшадор шаклгирии пурраи тухмӣ (ҷанин ва эндосперма) пас аз 7-12, рўзӣ ташаккулёбии зигота ва дар зироатҳои дерпаз шаклгирии тухмиҳо то 35-40 рўз кашол меёбад. Ҳуҷайраҳои эндосперма дар рўзҳои 4-5, пас аз бордоршавии тухмҳуҷайра ва муғчаи реша дар рўзҳои 7-8-ум ҷудо мегарданд.
Дар зироатҳои ғалладонагии нонӣ шаклгирии пурраи ҷанин бо оғози ширагирии ғалла рост меояд. Н.Н.Кулешов ин давраро-давраи ташаккулёбии ғалла меномад.
Дарозии дон пештар, дар давоми 6-7 рўз, пас аз пайдоиши зигота ташаккул ёфта, ташакулёбии ғафсии он бошад, то нимдунбул гаштанаш идома меёбад, таркиби моддаҳои ғизоиро дар дон нисбатан дурусттар тавсиф мекунанд. Аз ин рў ҷудосозӣ ва интихоби тухмиҳо тибқи ғафсиашон баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳоро таъмин месозад.
Дар ҷанин ферментҳои гуногун, аз қабили каталаза, липаза, инчунин моддаҳои фаъоли физиологӣ (гетерауксин) синтез мегарданд. Вале дар ҷанин ингибаторҳо-моддаҳое, ки ҷараёни фаъолияти физиологӣ ва рушдкунандаро дар мавриди сабзиши тухмиҳо бозмедорад, вомехўранд.
Н.Н.Кулешов инкишофёбии тухмиро ба се давра (фаза); ташаккулёбӣ, ширагирӣ ва пухта расидан ҷудо кардааст, И.Г.Строн бошад, инкишофёбии дони гандумро ба шаш давра тақсим намудааст:

  1. Пайдоиши дон – аз бордоршавӣ то ташаккулёбии нуқтаи расиш ё сабзиш. Давомнокии давра 7-9 рўз.
  2. Ташаккулёбии дон-аз пайдоиш то барқароршавии пурраи дарозии дон. Дефференсиатсияи ҷанин ба охир мерасад, дон сабз мегардад, оҳари дон ба вуҷуд омада, миқдори об баланд (то 70 %) шуда, моддаҳои хушк каманд. Дар ин давра ҳамаи қисматҳои дон ташаккул меёбанд. Давра 5-8 рўз идома меёбад.
  3. Ширагирӣ – аз оғози захираёбии оҳар дар эндосперма ва то қатъёбии он. Дар ин давра васеъгӣ ва ғафсии дон калон гашта, эндосперма пурра ташаккул меёбад. Намнокии дон- 38-40 %-ро ташкил медиҳад. Давомнокии давра ба ҳисоби миёна 20-25 рўзро ташкил медиҳад. Ин давра бо шиддатнокии ғун гаштани моддаҳои хушк дар дон тавсиф меёбад.
  4. Пухта расидан – аз қатъ ёфтани дохилгардии моддаҳои хушк ба дон оғоз меёбад. Намнокии дон то ба 18-12 % паст меравад, дон мепазад ва барои истифодаи техникӣ мувофиқ аст, вале нумўи тухмӣ ҳанўз ба охир нарасидааст.
пешина
аз 314
навбатӣ