Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзўъ: Ш О Л Ӣ (4 соат)
Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокӣ. Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи парвариши шолӣ.
Шолӣ яке аз зироатҳои озўқавории паҳншудатарин буда, аз рўи масоҳати майдонҳои кишт ва ҷамъоварии ҳосили умумӣ дар ҷаҳон пас аз гандум мавқеи калон дорад. Ярмаи шолӣ дар таркибаш 75-80% оҳар, 7- 8% сафеда, 1,5-2% равған дошта, қобилияти баланди ғИЗОНОКӢ дорад ва маҳсулоти пурқимати парҳезӣ аст. Шолӣ бағоят аҳамияти калони обёрӣ ва агротехникӣ дорад. Онро дар заминҳои шўрхоку ботлоқӣ парвариш мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки дараҷаи шурии заминҳо паст шуда аз барангезандаи касалии вилт тоза шаванд. Шолӣ дар Тоҷикистон соли 2005 дар масоҳати 10,3 ҳ/гектар кошта шуда буд. Шолӣ ҳамчун зироати гармидуст дар ноҳияҳои водии ҷумҳурӣ дар шароити ғарқобӣ парвариш карда мешавад. Ноҳияи Панҷакент, хоҷагии «Сурхоб»-и ноҳияи Фархор ва хоҷагии «50-солагии "Қўшунҳои сарҳадӣ»-и ноҳияи Қумсангир барои шоликорӣ мувофиқ ва махсусгардонидашуда мебошанд. Дар Тоҷикистон имконияти васеъи зиёд кардани масоҳати майдонхои шоликорӣ аз ҳисоби заминҳои сохилҳо мавҷуд аст, зеро ин заминҳо ё дороӣ алафҳои худрўи камҳосиланд, ё дар онҳо зироатҳои камҳосил кошта шудаанд ва ё аз сабаби шўрхоку ботлоқ буданашон тамоман .истифода бурда намешаванд. Азхудкунии ин заминҳо имконият медиҳад, ки истеҳсоли шолӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд карда шавад. Дар шароити заминҳои қисми ҷанубию ғарбии Тоҷикистон, ки пас аз ғундоштани ҳосили зироатҳои ғаллагии хўшадор 120-130 рўзи давраи нашъунамо боқӣ мемонад, имконияти ҳақиқии коштани шолии ангорӣ ва гирифтани дони дуюм ҳаст. Гирифтани ҳосили дуюм аз ҳисоби шолӣ дар таҷрибаҳое, ки шоликорони хоҷагии «Сурхоб»-и Фархор гузаронидаанд, исбот шуда аст.

пешина
аз 314
навбатӣ