Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Инчунин бо усулҳои агротехникӣ нест кардани алафҳои бегона муфид аст. Дар давраи нашъунамои ҷуворӣ байни қаторҳои он 2-3 маротиба ҳангоми ғизодиҳию буридани ҷўякҳои обмонӣ нарм карда мешаванд. Коркарди якум дар давраи 3-4 баргии ҷуворӣ дар чуқурии 8-10 см ва коркарди дуюм ҳангоми найчабарориаш дар чуқурии 6-8 см гузаронида мешавад.
Яке аз чорабиниҳои асосии нигоҳубини ҷуворӣ ин хоккашкунӣ аст, ки бояд то давраи ҷорўбакзанӣ гузаронида шавад. Ин чорабинӣ ба хобидани растаниҳо роҳ надода ба инкишофи хуби решаҳои фазоии он мусоидат мекунад ва ғизоҷаббии онҳоро беҳтар мегар-донад. Дар тамоми давраи нашъунамо киштҳои ҷуворӣ 5-7 маротиба (ҳангоми 12-15 рўз будани фосилаи обмонӣ) ба меъёри 650-700 м3/га об монда мешавад. Талаботи ҷуворӣ ба об дар давраи инкишоф ёфтани ҷорўбакҳо, гулкунӣ ва ширагирии дон меафзояд. Намнокии хок дар чуқурии 70-80 см бояд ба 70-75% аз НК баробар бошад.
Ҳангоми парвариши ҷувории тухмӣ ҳифзи он аз паррандагон чорабинии муҳим аст. Дар вақти парвариши ҷувории бисёрдарава пас аз дарави якуму минбаъда ба киштзорҳо ғизою об дода, коркарди байни-қаторӣ гузаронида мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ҳосили ҷувории тухмӣ вақти пурра расидани дони байни ҷорўбакХо ба воситаи комбайнҳои ғалладаравӣ ғундошта мешавад. Пас аз ғундоштани дон онро тоза намуда мехушконанд. Намнокиаш ба дараҷаи талаботи муқарраршудаи намӣ ба 14% расонида меша-вад. Ҷувории силосӣ дар давраи думбулӣ ба воситаи комбайнҳои силосғундорандаи СК-2,6, КС-2,6 даравида мешавад. Ҷувории намуди қандиро ҳангоми думбулии дон бо буриши пасти пояҳо (6-8см) ва намуди ҷорўбияшро вақти пурра пухтани дон медараванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё