70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Таҳия ва чопи моногорафияи Г.Н.Наврўзов «Ташаккули маркази илмӣ дар Тоҷикистон (1924-1950)» дар соли 1992 нақши назарраси шуъба дар омўзиши таърихи илми Тоҷикистони Шўравӣ ба ҳисоб меравад. Дар китоб дар асоси сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ, маводи бойгонии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, дигар адабиёти мавҷуда бори аввал заминаҳои асосии ташкили корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, фаъолияти экспедитсионӣ – илмии Академияи илмҳои ИҶШС, ки натиҷаҳои онҳо барои ташкилшавии пойгоҳи тоҷикии Академияи илмҳои ИҶШС ва муассисаҳои соҳавии илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ ва оғози тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ҷумҳурӣ дар солхои пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳамияти калон доштанд. Илова бар ин, дар асари мазкур натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар давраи баъдиҷангӣ, ки омили ҳалкунандаи ташкил шудани Академияи илмҳои Тоҷикистон гардид, инчунин нақши муассисаҳои илмии марказии ИҶШС дар ташаккул ва инкишофи илм дар ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст.
Аз аввали фаъолияти худ Шуъбаи таърихи илм ва техника вазифаи ҳамоҳангсози таҳқиқи мавзўҳои марбут дар Тоҷикистонро ба ўҳда гирифт. Ҳамин тавр, дар солҳои 1981-1986 кормандони шуъба якчоя бо олимони Донишгоҳи давлатии Точикистон ба номи В.И.
Ленин ва Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко монографияи дастаҷамъии «Тоҷикистон дар асарҳои муҳаққиқони пешазинқилобии Руссия (нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX)
– ро омода ва нашр намуданд, ки он аз нақши назарраси Институт дар коркарди мушкилоти илмӣ-таҳқиқотии минтақа гувоҳӣ медиҳад.
Шуъбаи таърихи илм ва техника ба маркази воқеии ҳамоҳангсоз табдил ёфт, ки дар он ҳама монографияҳо ва рисолаҳои дар Тоҷикистон навишташуда оид ба таърихи илм ва техника муҳокима ва тавсия дода мешуданд.
Таҳқиқи таърихи физика яке аз муҳимтарин вазифаҳои шуъба ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ва дигар самтҳои марбути фаъолияти шуъба фаъолияти илмии д.и.т. А. Комилӣ дар умум хеле назаррас мебошад. Асарҳои ў оид ба таърихи асримиёнагии физика, математика ва астрономияи Шарқ дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳуранд. Аз ҷумла, вай вазъи илмҳои физика ва риёзиро дар Мовароуннаҳр ва Хуросон дар асрҳои XIII-XVIII таҳқиқ намудааст. Ӯ саҳми мактаби илмии Абўмаҳмуди Хуҷандиро (асри X) дар таҳияи масъалаҳои геометрияи классикӣ ва алгебра (муодилаҳои дифференсиалӣ) пажўҳида, бори аввал системаи педагогии таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар мактаби асримиёнагии Шарқро мавриди таҳқиқ қарор дод. «Луғати мухтасари тавзеҳи таърихи математика»-и А.
Комилӣ дар Тоҷикистон ду маротиб аз чоп баромад ва ин асар дар байни донишҷўёни ихтисосҳои техникӣ ва таърихшиносон талабгори зиёд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё