70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Дастоварди муҳимтарини шуъба дар ин солҳо ба чоп расидани ҷилди IV-и «Таърихи халқи тоҷик» ва анҷоми ёфтани ҷилди III-и он ҳисоб меёбад. Хусусияти тафовутии ин тадқиқоти бунёди аз нашри қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки мўҳтавои марказиро мақоми худи тоҷикон, чи тавре унвони ин китоби биёрҷилда талаб мекунад, ишғол менамояд.
Хусусияти муҳимми фарқкунандаи ин ҷилдҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар асоси пойгоҳи маъхазии хеле қавӣ, ки муаллифон аз назари танқидӣ воқеъбинона мавриди таҳлил қарор дода, манобеи ниҳоят зиёдеро, ки аз навиштаҳои муаллифони асримиёнагии бевосита шоҳиди воқеаҳо бармеояд, ба доираи таҳлили воқеан илмӣ кашидаанд. Дар ҷараёни таълифи ин ҷилдҳо муаллифон то ҷое мантиқи кор талаб мекунад, манбаъҳои хаттӣ ва адабиёти дар давраҳои гуногун, то замони муосир (соли 2012) таълифшударо мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Дастовардҳои ин панҷсоларо (2006-2010) бо овардани чунин далелҳо ҷамъбаст намудан аз рўи мантиқ аст. Дар ин давра ходимони илмии шуъба 25 китоб, 4 ҷузвия (брошюра), 224 мақолаҳои илмию илмӣ оммавӣ дар маҷмўаҳои илмӣ, Ахбороти АИ ҶТ, маҷаллаю рўзномаҳо нашр шударо пешкаши мутахассисон ва доираи васеи хонандагон гардондаанд.
Аз камолоти илмии ходимони шуъба чунин далел шаҳодат медиҳад, ки фақат соли 2007 кормандон Абдуқаҳҳор Саидов дар мавзўи «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии хонигари Бухоро дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», Хамзахон Камолов дар мавзўи «Таърихи ҳуҷуми қабилаҳои кўчии Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна (асри XVI)» рисолаи докторӣ, Сулаймоншо Ғуломшоев дар мавзўи «Таърихи корҳои китобдорӣ дар Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Дар ин радиф хурсандиовар аст, ки дар ибтидои соли 2011 ходими дигар шуъба Саидмурод Бобомуллоев дар мавзўи «Таърихи омўзиши ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (асрҳои XX – ибтидои XXI)» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба ин унвони олии илмӣ соҳиб гардид.
Дар назди шуъба Китобхонаи А. А. Семёнов, ки ҷамъи (коллексия) китобҳои нодир аз ҷумла, дастнависҳои асримиёнагӣ ва дастхатҳои то кунун интишор нашудаи ин олим – шарқшиноси барҷастаро дар бар мегирад, фаъолият мекунад. Дар оянда бо ҷалби олимони маъхазшинос ба чоп тайёр намудани дастнависҳои нодири ин китобхона ва худи меросӣ олим, дар назар дошта шудааст. Ба ин қатор таълифоти то инқилоб интишорёфтаи олимону сайёҳони рус, ки дар асоси мушоҳидаҳои бевоситаи худ дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ навиштаю дар шакли китобу мақолаҳо рўи чоп дидаанд, дохил мешаванд. Ин мероси гаронбаҳоро ба хизмати наслҳои оянда гузоштан, яке аз вазифаҳои касбии ходимони илмии шуъба ҳисоб меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё