МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Лек ман гўям, ки бе заҳматкашон вайрон шавад,
Ландану Порису Берлин, Басраву Бағдод ҳам!
Аммо мебинем, ки заҳматкашон
Имрўз ҷангиданд бо чунин одот,
Зарбу суръатро карданд дучандон
Дар заводҳову курсу комбинот.
Ба фикри мо, зарур аст калимоту истилоҳоти мазкурро, тавре ки устод кор фармудааст, бинависем. Мураттибони дуҷилда дар ин роҳ кўшише карда, чанд таҳрифи пешинро бартараф намудаанд. Вале кўшишашон босубот набудааст
– аксари номи шаҳру мамлакат ва калимаву истилоҳҳои русию байналмилалӣ ба шакли асл омада, вазну қофия, гоҳо оҳангу назокати сухани тоҷикиро халалдор кардаанд:
Хуҷанд гашта бригади зарбдор эълон…
Суфра густурда обу нон доданд,
Ҳама заводҳо нишон доданд.
Дилбаре шўх дар санатория
Дод корде ба ман дами хўрдан.
Мо усули социалистӣ муҳайё мекунем…
Гарчи дар ин ҷо набуд хоке, ки ғарқи хун нашуд,
Як деҳотӣ ҳам мутеи зўри Наполеон нашуд.
Аз ҳамон рўзе, ки бо трактор
Омочи Турсун мубаддал шудааст,
Мағзаш ҳам, ки буд аз мавҳумот пур,
Иваз гардидааст, мукаммал шудааст.
Бо мисолҳои агрономӣ
Ман ин матлабро мекардам баён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё