ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Масъала он тавре нест, ки шумо мепиндоред.
Оҳиставу ботамкин суҳбат мекард, садояш ҳаяҷон надошт, мисле, ки ин матнро борҳо тамрин кардааст.
-Ман 20 сол дар Русия зиндагӣ кардам, донишгоҳ хондам, зиндагиям хуб буд, кори хуб доштам, аз ҳама муҳим, занеро дӯст доштам, ки бароям бисёр азиз аст ва надиданашро басахтӣ таҳаммул мекунам. Ӯ ҳам маро дӯст медорад, духтур аст, ҷойи кори хуб дошт, аммо ба ҳама шарту шароит розӣ буд, ки бо ман бимонад. Мӯйсафеди падарам, аз куҷое шунид, ки ман бо зани рус издивоҷ мекунам... ба Русия омаду маҷбур кард, ки баргардам.
Арвоҳи волидонамро ба миён кашид, қасам хӯрд, ки агар барнагардам аз баҳрам мегузарад, аммо дар бораи он зан чизе напурсид. Гӯё чизе намедонист. Қавл додам, ки бармегардам.
Рашид хомӯш шуд, ангор, ин хотирот аламашро тоза мекард. Ӯ аз ҷайбаш қутти сигорро баровард.
- Иҷозат аст сигор бикашам?
- Ман бо сигори шумо мушкил надорам...
Мард дар ҷустуҷӯи хокистардон ба чор тараф нигоҳ кард, аммо чизе наёфту лаъличаи холии рӯи мизро пеш кашид. Сигорро рӯшан карду як дуди амиқ гирифт ва дар ҳоле, ки фаввораи дуд аз даҳонаш берун мешуд, достонашро идома дод. - Ман бехабар баргаштам ва он занро ҳам бо худ овардам, ба ҳамин хона. Ин хонаи орзӯҳои ман аст, аз хурди ошиқи табиату шикор будам ва муйсафеди падарам, ки решаҳояш аз ҳамин минтақа буданд, бароям замин хариду ман ин хонаро бо дастони худ сохтам, мисли хонаҳои шаҳрӣ шароит фароҳам кардам. Хостам онеро, ки дӯсташ медорам ба ҳамин хона биёрам. Тобистон буд, мисли ҳоло ҳама ҷо сабзу хуррам. Баробари расидан ва дидани ин манзараҳои зебо, ба табиати ин ҷо ошиқ шуд, гуфт дар ҳамин ҷо мемонад. Як моҳ зиндагии ширин доштем ва ман хушбахттарин инсони дунё будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё