Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нигина гӯё аз аз ин издивоҷи маҷбурӣ хабар дошт.

  • Узр, ки барои ман шуда ба заҳмат афтодед. Фаришта бо сари хам қошуқро дар косаи атола тоб медод ва аз хиҷолат ба рӯи меҳмон нигоҳ намекард.
  • Заҳмати чӣ, мо инҷо ҳама мисли хешу таборем,- ҳозирҷавобӣ кард Нигина ва мехост чизе бигӯяд, аммо забон хоиду хомӯш шуд. Фаришта суоломез ба ӯ нигоҳ кард.
    -Акаи Рашид аз гушти бузи кӯҳӣ як порча ҳам нагирифт, ҳамаро ба шикорчиҳо дод, гуфт заминеро, ки хуни сайд рехта буд, бишӯям. Гуфт, намедонист, ки ту ба шикору лоша ҳассосият дорӣ...
    Кӯдак дар ҳуҷраи дигар чиррас мезад, эҳтимол милкҳои варамидааш дард мекарданд.
    -Нигина, шумо ба кӯдак бирасед, ман хубам, бахудо, атоларо мехураму боз беҳтар мешавам...хоҳиш мекунам...
    Нигина нобоварона ба ӯ нигоҳ кард.
    -Атолара бихур, ман зуд бармегардам...
    Пистонҳои пуршири Нигина барои бачааш беҳтарин дору буд, ки кӯдак зуд ором шуд. Шавҳари Нигина ва Рашид ба айвон баромаданд, то модар пистонашро роҳат аз гиребонаш берун кунад.
    Атолаи пухтаи Нигина воқеан ҳоли Фариштаро беҳтар кард, ӯ аз ҷой бархосту рӯи мизу рахти хобашро ба сомон овард ва косаҳои ошхонаро шӯст.
    Нигина нимаи рӯз азми рафтан кард.
    -Бачаҳора ба ҳамсоя вогузор карда будам, биравам, ки эҳтимол хонаи Мастураро ба сар бардоштаанд.
    Нигина дар як даст кӯдаки гирён, ки оби даҳонаш ба китфи модараш мерехт ва дар дасти дигар табақи холии ширбиринҷи дирӯза, ба мошини шавҳараш нишаст.
  • Охири ҳафта хонаи мо меҳмонӣ биёед, - гуфту дари мошинро бо дастони боқувваташ сахт пӯшид.
пешина
аз 473
навбатӣ