Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Охир чӣ тавр мумкин аст? Коко Қуръон мехонад, маро хоҳар мегӯяд, наход чунин русвоиро ба худ раво бубинад?- гуфт ӯ бо садои гиряолӯд.
-Мӯйсафед зан мекова, оли мегӯм, бо хотирхот меша, ҳушор бош, сари роҳуш пайдо наша, -гуфт хола Нарӯз, ки бо чашмона нимпӯш лахчаҳои сӯзонро бо аловшӯр аз зери деги палов берун мекашид.
Коко баъди се рӯз боз пайдо шуд. Фаришта омадани кокоро диду худро ба кунҷи ошхона зад.
-И хувари қуръонии мо куҷоста? - Коко чашмони фурӯрафташро нимапӯш карда, хаму рост мешуд ва аз дари бози ошхона суроби Фариштаро меҷуст.
-Фаришта намоз мехона, коко. Хола Наврӯз пушт ба коко ин ҳарфҳоро гуфт ва зери лаб ӯро дашном дод.
-Намоз мехона? Пешин гузашта, то аср оли вақт аст, читу намоз мехона?
-Кораш бисер буд, коко, пешина қазо карда.
Мӯйсафед бо қомати хамида ва китфҳои шикаста аз дари ошхона дур шуду дар лаби суфраи ҳавлӣ нишаст, хеле интизорӣ кашид. Фаришта ғарами либосҳои ношустаро дар кунҷи ҷомашӯӣ гузошта буд ва мехост ҷомашӯи кунад, аммо мӯйсафед азми рафтан надошт.
-Чӣ кор кунам хола? Либосҳоро нашӯям то бегоҳ хушк намешаванд.
-Як каме бош ку, бинем, ин пирсаг чӣ мекуна.
Фаришта дар паҳлӯи хола нишасту зуволаҳои хамири рост кардаи ӯро мухпар зад, аммо нигоҳаш ба дар буд.
Дилаш аз коко беҳузур мешуд.
Ҳашматулло нороҳат буду лабу лунҷаш аз нокомӣ овезон. Хеле нишаст, на чой хост на ғизо, баъд оҳиста бархосту бо почаҳои шалвори васеяш заминро руфта аз ҳавлӣ берун рафт.

пешина
аз 473
навбатӣ