Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. “Ман ҳаддасака анна Муҳаммадан роа раббаҳу, фақад казаба!”, яъне, “Касе, ки ба ту мегӯяд, ки Муҳаммад Парвардигорашро дидааст, пас, дӯрӯғ мегӯяд!” ва дар тасдиқи он суханҳояш, Оиша (р.а-ҳо) чунин Оятро аз Қуръони карим қироъат мекунад:

“Ло тудрикуҳу-л-абсору ва ҳува йудрику-л-абсора ва ҳува-л-латифул-хабир” ва “... ва мо кона ли-башарин ан йукаллимаҳу-л-лоҳу илло
ваҳйан ав мин вароъи ҳиҷобин” (аз Сураи “Анъом”, Ояти 103 ва аз Сураи
“Шӯро”, Ояти 51)

Яъне, “... чашмҳо (яъне, чашмони одамон) ӯро намеёбанд (яъне, дарк карда наметавонанд, дида наметавонанд) ва ӯст, ки дидагонро(яъне, одамонро дида метавонад) дармеёбад ва ӯ борикбину огаҳ аст” ва “...
ҳеҷ инсоне шоистагии онро надорад, ки Худованд бо ӯ гуфтугӯ кунад, магар ин ки ба сурати фиристодани паём (яъне, ваҳй ба воситаи фариштааш) ё аз пушти парда бошад (яъне, дар байн пардае ороста мешавад)”.

  1. “... ва ман ҳаддасака аннаҳу йаъламу мо фӣ ғадин, фақад казаба!”, яъне, “... ва касе, ки ба ту мегӯяд, ки ӯ (яъне, Муҳаммад) кори пагоҳро медонад, пас, дурӯғ мегӯяд!” ва дар тасдиқи он суханҳояш, Оиша (р.а-ҳо) чунин Оятро аз Қуръони карим қироъат мекунад:

“... ва мо тадрӣ нафсин мозо таксибу ғадан” (аз Сураи “Луқмон”, Ояти
34)

Яъне, “... ҳеҷ нафсе (яъне, ҳеҷ кас) намедонад, ки фардо чӣ хоҳад кард ва саранҷоми ӯ чист”.

  1. “... ва ман ҳаддасака аннаҳу катама, фақад казаба!”, яъне, “... ва касе, ки ба ту мегӯяд, ки ӯ (яъне, Муҳаммад гӯиё) аз касе чизеро пинҳон кардааст, пас, дурӯғ мегӯяд!” ва дар тасдиқи он суханҳояш, Оиша (р.аҳо) чунин Оятро аз Қуръони карим қироъат мекунад:

“Ё аййуҳа-р-расул! Баллиғ мо унзила илайка мин раббика...”

Яъне, “... ай Расул! Иблоғ (яъне, пинҳон макун аз мардум чизеро, баръакс, онро ривоҷ деҳу ба мардум бифаҳмон ва такмил намо) кун ончи, ки аз ҷониби Паравардигорат бароят омадааст”.

Бале, дӯстам, чун аз ин Ҳадис бармеояд, шояд Расули акрам ва ё Мусову ва ё Иброҳим Худовандро дар тӯли ҳаёти худ надида бошанд, магарам, танҳо ваҳйро (паёмро) аз ҷониби Ӯ ба воситаи фариштааш гирифтаанд ва ё суҳбатро паси парда бо Ӯ намудаанд? Ва-л-лоҳу аълам!

пешина
аз 175
навбатӣ