ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ва ин фармони Худо, ки ба тавассути фариштааш мешуд, се маротиба такрор
мегардад ва дар хотима, Ҷабраил (а.с.) ӯро ба оғӯши сахт гирифта аз замин каме
бардошта, бо чунин суханҳо идома мекунад: “Иқраъ б-исми раббика-л-лазӣ
халақа. Халақа-л-инсона мин алақин. Иқраъ ва раббука-л-акраму...”, яъне,
“Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳама чизро) офаридааст. Ва инсонро аз
хуни баста офаридааст. Бихон (ки) Парвардигори ту каримтарину
бузургтарин аст...”
Изофа:
Пас, дӯстам, бемуҳобо, ин аст аввалин Ояти нозилшуда ба Паёмбари акрам ва ин аст аввалин Ояти Қуръони карим. Албатта, оид ба фазилат ва ҳикматҳои Сураи “Алақ” (хуни баста), ки он Сура бо ин Оёт ифтитоҳ мешавад, Худо насиб карда бошад, бо фурсат ва дертар ба он баргашта меоем.
Идома:
Паёмбари акрам, ки бо чунин кор бори аввал рӯ ба рӯ мешавад, ҳолате мекашад, ки танҳо ба худаш ва Худояш маълум буд.
Аз ваҳми тарс, дасту пояш ба ларза меоянду тапиши дилаш дучанд мегардад ва ӯ зуд ба хона баргашта, ба Хадиҷа бинти Хувайлид, яъне ҳамсараш, чунин мегӯяд: “Заммилунӣ!”, яъне, “Зуд маро бо порчае бипеч!”. Яъне, Муҳаммад (с.а.в.) аз Хадиҷа талаб мекунад, ки ӯро бо матоъ ва ё болопӯше бипечонад.
Дертар, вақте ки ҳолаташ хубтар мешавад, Паёмбар ба Хадиҷа аз кори шуда
хабар медиҳад ва мегӯяд: “Лақад хашийту ало нафсӣ...”, яъне, “Ман (баъди ин
кор) ба (аз) ҷони худ метарсам”, вале, ҳамсараш чунин мегӯяд: “Калла, ва-ллоҳи! Мо йухзийка-л-лоҳу абадан! Иннака ла-тасилу-р-раҳма ва таҳмилул-калла, ва таксибу-л-маъдума ва туқри-з-зайфа ва туъину ало навоибил-ҳаққа.”
Яъне (ай Муҳаммад): “Ҳаргиз набояд битарсӣ! Қасам ба Худо, ки ӯ ҳеҷ вақт
туро хору бадбахт нахоҳад кард, чун силаи раҳмро ба ҷой меоварӣ (яъне,
бо хешовандону ақрабоят (ва низ бо дигарон) муомилаи нек мекуниву он
риштаро ҳамеша пайвасту пойдор медорӣ) ва ба бечорагон кумак мекунӣ ва
фазоили ахлоқиро (панду ҳикматро) ба мардум меомӯзонӣ ва хуб
меҳмоннавозӣ мекунӣ ва ба пешомадҳои хайр кӯмак мекунӣ (яъне, кору
нияти некро дастгирӣ мекунӣ)”
Оҳ, чи қадар суханҳои пандомез аз даҳони ҳамсари неки Паёмбари акрам бишориду насиҳат шуд, дӯстам, ки ҳикмат ин ҷост!
Яъне, шахсе, ки дорои чунин хислатҳои неки инсонист, набояд ки аз Худованд
битарсад ва ӯ бояд бидонад, ки Худованд, ки худ Муаллифи ин суханҳову
фармонҳост, чунин накӯкоронро дӯст медорад. Ҳаққо, ки Худованд чунин гуфтааст: “Ва-л-лоҳу йуҳиббу-л-муҳсинин”, яъне, Худованд накӯкоронро хеле дӯст медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё