Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуб гӯям ман зи асрораш кунун.
На ҷаҳолат, қасди кин, ё фахри том,
На ситез буд қасди ман, на иттиҳом.
Лутфу икром, ҷаҳду кумак буд ҳадаф,
Меҳрубонӣ, раҳму инсоф, ай халаф.
Гар ба ҷаҳд аъло баҳо мемондаме,
Ман зи ту ғайратро мерондаме.
Кори ман ғайратро куштан нест,
Пеши оби ҷориро бастан нест.
Кори ман буд ҷӯйи нав кандан зи он,
То гирад баҳра заминҳо, на зиён!
Гашта лоғар, бехуду мағруру маст,
Мекашидӣ сахт аз он ҷаҳд даст.
Ман ки гӯям як, лек, нуҳ они туст,
Зуду ҳушёр бошу дар он кор чуст.
Метавонам як диҳам, лек нуҳи он,
Бояд он ки худ биёбӣ аз хизон.
Пас, баҳои севу чорат - панҷу шаш,
Хирқаи ҷаҳлро бар ақлат сахт макаш.
Хотиратро ҷамъ дору ранҷ мабин,
Дар ғароми ранҷаш ганҷро бубин.
Гарчи бар ту ман “надодам эътибор”,
Ту азизтар бар мане дар ҳар кор.
Он ҳарифонат азизанд низ, дон,
Чун битарсам бас насӯзанд андар он.
Он Паёмбар ҳадя медод бар касе,
Ки надошт дар ҷони худ ҷуз як хасе.
Лек бар онҳо, ки буданд дар кор пеш,
Ӯ намедод як хасе аз назди хеш!”
Қисса кӯтаҳ, бо гузашти умру сол,
Дарк кардам гуфтаашро бо мисол.
Гар ту хоҳӣ ганҷ ёбад, ганҷ мадеҳ,
Гар ту хоҳӣ панҷ, пас, панҷаш манеҳ.
Гар бихоҳад моҳиро, бар дасти ӯ,
На, ки моҳӣ балки шаст деҳ, ай аду.
...

Саъд ибни Аби Ваққос (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.), рӯзе нисбати ҷамоъате бисёр бахшиш кард ва ба онон ҳадяҳо дод ва ба як нафаре, ки ӯ, яъне Саъд, аз дигарон дида, дар имону тақвият дар пеш буд, Паёмбар чизе намедиҳад.

Саъд ҳайрон мешавад, ки о, ин шахс, аз дигарон дида, дар кори дин камари
ҳиммат бештар бубастааст ва саҳми беандоза дар густариши дин дорад, вале
Паёмбар ӯро аз байни ҷамоъат “ҷудо карда, аз ҳадяаш маҳрум мекунад?!”

Аз Паёмбар мепурсад, ки чаро вай ба фалонӣ чизе ҳадя макард?

пешина
аз 175
навбатӣ