ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Гарчи бошад ин забон кӯтаҳ ва зор,
Метавонанд сахт кашанд бо он ба дор.
Мисли кори ҳамсари Буҷаҳл аст,
Дар раҳи Маҳбуб, ки мекошт хор башаст,
Кори қаттот мисли кори он палид,
Мешавад зоеъ дар охир, ай шаҳид.
Хор дар по, тан бӯйнок, он танаб,
Мекашад бо шиддате сӯйи лаҳаб.
Аз масад ҳабле кунанд бар гарданаш,
Пас, кашанд бар сӯйи Дӯзах аз сараш.
Рӯдаву риҷсе бирезад ӯ ба рахт,
Пас, чӣ орзу мекунад аз он тахт?
Мақсади наммом на пок аст, на ҳалол,
Ҷуз мабошад ҳосилаш оз в-он малол.
Дӯст дорад фитнаро наммоми бад,
Сулҳро бо сад баҳона карда рад.
Кайф дорад аз чунин кораш, ки ӯ
Ҷанг андохт байни эшон он аду.
...
Ҳузайфа (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чунин гуфт: “... ло йадхулу-л-Ҷанната қаттот”, яъне, қаттот (наммом, суханчин, хабаркаш) ба Ҷаннат дохил намешавад.
Оҳ, чи қадар амиқу мутлақ аст гуфтаҳои Паёмбари Ислом ва дӯстам, ҳушёр бояд бошему дигаронро низ аз ин ҳол огаҳ бояд кард!
Қаттот одати бади суханчиниро бо як қасди ғаразона мекунад. Яъне, ё вай мехоҳад, ки байни дӯстон тухми фитна кошта, онҳоро ба ҷанг андозад ва адуи (душмани) якдигар гардонад ва ё бахилӣ ба ин дӯстӣ мекунад ва ё мехоҳад, ки одамонро шарманда кунад ва ҳоказо, вале...
Вале ин бадбахт худ бехабар аст, ки чун Худованд дар Қуръони азимушшаън фармудааст “Ал-фитнату ашадду мина-л-қатли...”, яъне, фитна аз қатл ҳам сахттару гуноҳаш вазнинтар аст ва фитнакоронро охирати нек мунтазир нест ва ҷойи эшон сирф Ҷаҳаннам аст, на ки Ҷаннат.
Фитнакорӣ ва кайду (макр) кини (бахилӣ) эшон мисли ана ҳамон “хорпошии” ҳамсари Абуҷаҳл аст, ки дар роҳи Паёмбар мекард ва гоҳе аз болои девор шикамбаву хубси рӯдаҳои бузро бар сари Паёмбар мерехт, будааст, вале...
Вале он бадбахт агар медонист, ки ҳамроҳи ҳамсараш “... ҳаммо лата-лҳатаби. Фӣ ҷидиҳо ҳаблун мин масади”, яъне, ҳезуме, ки бо он онҳоро дар оташ месӯзонанд бо худ гирифта бо арғамчине, ки аз баргони хурмо бофта шудаанд, ба сӯйи лаҳаб (оташ) мекашанд, шояд фикр мекард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё