Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту зи “... вассайна” бихон Оят ва дон,
Он чиро фармуд Худои меҳрубон:
Бар падар, бар модарат некӯназар
Бошу баъд рав дар пайи дин, ай писар!
Чун мабошӣ меҳрубон, меҳр аз Худо
Мунтазир бошӣ зи Ҳақ он дам чаро?!
Гар мабошӣ меҳрубон бар волидон,
Мунтазир бошӣ чиро аз ину он?!
Хоҳӣ гар фарзанди ту бошад ҳалим,
Ту ҳамебош волидонатро салим.
Унс гирад аз кори ту фарзанди хеш,
Меҳр кунӣ, меҳрат кунад ё фикри кеш.
Қаҳр кунӣ, қаҳрат биёрад рӯзе ӯ,
Ин ҳамин қонун бувад, ай чораҷӯ!
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло тарғабу ъан обоикум”, яъне, дӯстам, “... аз падаронатон рӯйгардонӣ накунед” ва ҷаҳд кунед, то худро ба дигарон нисбат надиҳед, чунки чун дар гуфтори русҳо низ омада: “... яблоко от яблони, далеко на падает...”, яъне, ту ҳамонӣ, ки ҳамонанд волидайни ту.

Албатта, дар радифи ин ташреҳот, бисёр нукоте нуҳуфта, ки аввал аз Ояте маънӣ муқаррар гаштааст, ки Худованди карим фармуда: “... ва вассайна-линсона би-волидайҳи эҳсонан”, яъне, Худованд инсонро васият намудааст, ки бар волидайни худ, яъне падару модараш некназару некрафтору хушмуомила бошад ва “... ва ло танҳарҳумо”, яъне, ва ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро маранҷонад ва ҳатто, “... ва ло тақуллаҳумо уффин”, яъне, ба онҳо “маро безор кардед!” нагӯяд.

Яъне, дар мартаба, баргирифта аз ин Ояти мукаррама ва Оёти мухталифа, мақому мартабаву манзалати волидайн, дар ҷои дуввум, пас аз Худованди бузург омада, ки инсон иззату эҳтироми онҳоро бояд ки ба ҷо оварда бошад.

Дуввум он, ки ҳатто дар Шариъати беҳтарин дар дунё, яъне, исломӣ, ҷову мақоми волидайн ҳамеша муътабар эътироф шудааст ва ҳатто дар китобҳои масоилӣ, ҷое омада, ки дар вақти хондани фарзи намоз, яке аз бехабарӣ ва ё маҷбурӣ волидайн садо диҳанд, намозхон - фарзанд бояд ки намозро тарк намуда, дар хидмати эшон ҳузур гардад. Яъне, хидмати волидайн аз салоти масъудӣ пештар гузошта шудааст.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

пешина
аз 131
навбатӣ