ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Пас, чун кореро анҷом доданием, дӯстам, чун боло зикр шуд, аввал ниятро бояд пок намуд, пас, ҳама корро, чун дар Қуръони карим низ фармуда, танҳо “... ливаҷҳи-л-лоҳ”, яъне, дар роҳи Худову дар дарёфтани хушнудии Ӯ бояд ки анҷом диҳему дар ҷавоб, “... ва ло ҷазоан ва ло шукуран”, яъне, на мукофотерову на сипосеро мунтазир бошем.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
- Оид ба масоили садақа будани нафақаи мард бар аҳли хонаводааш.
Боре, шахс аз аҳли деҳу сӯйи мо Омаду бигрифт сахт аз дасти мо.
Ӯ бигуфт: “Ё Шайх, каме аз додааш, Қасд кардам боз диҳам андар раҳаш.
Бар касе хоҳам бидод, к-ӯ шод шавад, Ҳоҷаташ қонеъу марди род шавад.
То шавад рост дар раҳи Ҳақ, ин фато То маҷӯяд чорае аз дин ҷудо.
То шавад гарм дил, ки дорад бар Худо, То шавад дар фикри некӣ, на хато”.
Ин бигуфт, аммо дилаш холӣ магашт, Шуд маълум, он чи байн буд, на ки пушт.
“Ай накӯ!” – пурсидам ӯро ин замон, “... соҳиби фарзандӣ ту ё дар амон?” Гуфт: “Дорам севу чорум чун амон”.
Гуфтам ӯро: “Толибанд он се куҷо?” Гуфт: “Бале. Ҳар се бихонанд ҳар куҷо!
Толиб аст фарзанди аввал дар Димашқ, Дорад ӯ завқ бар набишту кори машқ.
Соние дорад майл бар ҳандаса, З-ин сабаб, дар Машҳад аст, дар мадраса.
Саввумин ошиқ гашт бар тибби тан, З-ин сабаб, бигрифт Чинро чун ватан.
Чорумин, чун гуфтаме буд дар амон, Гар Худо хоҳад, бинад ӯ ин ҷаҳон!” Ин шунидам гуфтамаш, гӯш дор чу бас, Эҳтиёҷ доранд онон, на ки кас.
Дар раҳи Ҳақ дар пайи илм омаданд, З-ин замин то он замин уфтодаанд.
Заҳмате доранд бурун аз хонашон, Чун муҳоҷиранду дар каф ҷонашон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё