Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лек, чу ҷон доранд ҳама, дар ҳаққи Ӯ,
Садҳазорон тавба гӯянд аз нубӯ.
Ҳаққи онон нест кам аз ҳаққи мо,
Чунки онон низ мавҷуди Худо.
Ин ҳама баҳри ману мо мавҷуданд,
Баҳри амни мо инон мавҷуд шуданд.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман акала суман ав басалан фа-л-йаътазилна”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас, ки сир ва ё пиёз бихӯрад, аз мо канорагирӣ намояд”.

Бале, чунин ҳам ҳаст ва сухан на дар тановул намудани чунин неъмати Худост, балки дар бӯйи он аст, ки аслан дар ҷамоъат ҳузур доштани чунинон метавонад малоли дигарон шавад.

Аз ин ҷост, ки Паёмбари акрам сухане таҳқиромезе нагуфт ва ё манъ будан ва ё набудан макард, балки ҷоиз донистани масофаро, яъне, риоя намудани фосиларо байни хӯрдаву нохӯрдаро таъкид мекунад.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили мақому мароми зан дар Ислом.

Пурсид он ҷон боре аз Ҳақ, ё Қадир,
Ту маро берун барӣ з-ин ҷо... Чӣ сир?
Бе ту кай ман метавонам зист бурун?
Аз куҷо ризқ ояду ин меҳру хун?
Кӣ маро болад, барад дар дасти худ?
Кӣ маро донад, ки хоҳам дасти ҷуд?
Кӣ маро бар-по ниҳад болои хок?
Кӣ маро дӯзад либос даррад чу чок?
Кӣ маро афсона гӯяд вақти хоб?
Кӣ маро шӯяд бадан бо соф чу об?
Кӣ маро ҳарфе биёмӯзад, бигӯ!
Кӣ маро захме гирад аз ин гулӯ?
Кӣ маро хонад ба сӯяш, мисли ту,
Кӣ маро аз “... руҳи ман” гӯяд, бигӯ!
Чун “кӣ”-ҳо шуд бас зиёд, Ӯ бо хитоб,
Гуфт: “Фаришта бо ту бошад!”, дар ҷавоб.
Бо ту бошад ӯ шабу рӯз, ҳар дамат,
Бо ту бошад ҳамзабону ҳамдамат!
Номи ӯ “модар” бувад, аз беҳтарин
Хушсуханҳо бошаду бас нозанин.

пешина
аз 131
навбатӣ