Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
духтурҳо даробаро доранд. Безобита, саросемаанд. Мушарраф назди ҳар яке онҳо бо дидаи ашкбор зорӣ мекунад: ӯро гузоранд пеши бачақакаш дарояд, ӯро бубинад... «Ҳоло мумкин не». Чӣ кунад? Паси дари хонае, ки Меҳрубонаш хобидааст, нишастан гирад? Тоб мебиёрад, худо ӯро модар кардааст, модар нашуда санги сиёҳ мешуд, беҳ, ҳазор бор авло.
Шафиӣ ҳам тамоми шаб нахуфт. Хабари беҳбудии Меҳрубонро овард. Паҳлуй Мушарраф нишаста аз тӯй қисса кард. Гуфт, ки Мавлонзода ҷон аз ман нагуфта хизмат кардааст. «Шаҳноз барин духтар дар дунё нест, вай парӣ, олиҳаи ҳусн, олиҳа! Писарам Нозимӣ нав зан ёфт, кӯшапир шаванд...» — гуфтааст, онҳоро табрик кардааст. Дар охир ӯ даст ба кисаи пеши бар бурд.
— Ман як маслиҳат медиҳам... — забон хоид.
— Чӣ маслиҳат муаллим? — хуши Мушарраф ба Меҳрубон буд, ки ӯ дар беморхона — болои катчааш танҳо, зери обу арак, ҳолаш вазнин мехобид.
— Келин, шуморо хоҳарам барин медонам, аз хоҳарам ҳам зиёд... Суханони Шафиӣ дар гӯши Мушарраф вингоси говзанбӯр барин мерасид, намедонист, ки ӯ чӣ гуфтанию чӣ дархост дорад...
— Ҳа, тап занед, муаллим, ман аз шумо миннатдор, ташаккур...
— Дилам ба шумо месӯзад, калонҳои мо ба арзи шумо гӯш надоданд, писанд накарданд. Нозимӣ ба онҳо азиз, ба вай ёрдам расонданд, тарафашро гирифтанд, тӯй карданд, беинсофанд, раҳм надоранд... Дигар токати ман намонд, келин, девона шудам. Худо занадашон,— аз қаҳру ғазаб меларзид Шафиӣ. Лаҳзае сокит гашт ва баъд оҳиста гуфт: — Ман, келин, аз номи шумо ариза навиштам, ҷигарам хун шуд, виҷдонам осуда намонд... — Шафиӣ қоғази калонеро, ки пушту рӯяш сиёҳ шуда буд, аз ҷайб баровард. — Мехонед?— пурсид аз Мушарраф.
— Вай чӣ, муаллим? — Гӯё ариза гуфтани Шафиӣ ба гӯши ӯ надаромада буд.
— Гуфтам-ку, келин, ариза, лингашон аз осмон меояд, ба бало мемонанд, бепо мешаванд... Ин Мавлонзода, вай Қутосӣ, мансабдорҳо ҳама пеши қонун як хел ҷавоб мегӯянд, беҷазо намемонанд. Ба ҷои шумо агар ягон зани дигар мебуд, тоқат карда намешишт, ҳар кор мекард. Лекин намедонам шумо барои чӣ хомӯшед, тоқат мекунед? Азобро ба худатон гирифтед... Миннатдор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё