Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
додом, додоҷонам!..» — бо муштҳояш ба сари модар мефуровард. Бо як рӯзи сиёҳ Мушарраф вайро ба хона овард аз пушташ ба рӯи хона фуровард. Ба пойҳояш истода натавонист кӯдак... Овозаш гирифта буд, месулфид, аз сулфа гӯё садопардаҳои гулӯяш пора меғаштанд, қиғ-қиғ... Сараш, дасту пойҳояш оташ гирифта буд, кӯдак гӯё даруни дегдоналов месӯхт. Меҳрубон ҳамин хел касал дошт. Сулфааш меомад, дарун-дарун сулфида калобаи кабӯд барин мешуд, нафасаш мегирифт... Ҷон аз дасту пои Мушарраф мебаромад. Ҳамин, ки дардаш сар мешуд, рӯи даст бардошта ӯро модар пеши Нозимӣ — ба ҳуҷраи кориаш медавид. «Вой бачаҳакам ин хел шуда»... ҳайрону музтариб мемонд. Нозимӣ ба телефон мечаспид... Саркану покаф хонаи ҳамсояҳо медавид, онҳо меомаданд, духтурҳо пайдо мешуданд... дар хонаашон гӯё шӯру қиёмате. «Вой рӯям сиёҳ, бачаҳакам ин хел шуда...» модар ҳамин чанд сухан дар забон дар як дам ҳазор бор мемурд, мезист... Хайрият, бисёрии буданд, дасти ба даст паи шифо ёфтани ӯ меафтоданд, Меҳрубон ба худ меомад, чашм мекушод. Вале модар пошиканак шуда чанд рӯзи дигар ҳам аз худ бехуд мегашт. Ларзаи банди дилаш намемонд.
Ана ҳоло Меҳрубонро боз ҳамон касалаш гирифта буд. Сулфида наметавонист, нафасаш ба дарун афтод. Чаро писаракашро зад? Ҷанҷол кард? Чаҳли бадаш дар гӯр. Барои ин акнун баданашро пучида-пучида мегирифт.
Модар Меҳрубонро гузошту хонаи ҳамсоя тохт, гирист, фиғон андохт. «Бачаҳакам як хел шуд, вой Меҳрубон, Меҳрубонҷонам... Биёед, бинед, ёрӣ расонед...» дари ҳамсояҳо кӯфта хабар дод... «Пеши додом, меравам, маро пеши додом баред», гуфта беҳол шуд, ба онҳое мефаҳмонд, ки хонааш давида омада буданд. Ба дарди Меҳрубон касе даво намеёфт, ҳолаш тангтар гашт, нафасаш дарун зад. Дасту по хӯрда буданд ҳама! Ба бахти вай дар ҳамин лаҳзаҳои талхакафии модар Шафиӣ ба хонааш омад.
— Бачаҳакам ба ҳоли худ шуд, муаллим, «додо» гуфта гириста-гириста бистурён шуд, сӯхт, рӯям сиёҳ мешавад, муаллим! Чикор кунам, муаллим?! — Аз дидани ин одам дили модар мадор ёфт. Шафиӣ дарҳол ба телефон часпид, падари номгумаш ҳам ҳамин хел мекард. Ба беморхона занг зад, ба чанд ҷои дигар хабар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё