Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Равед, сухани муаллимро нашиканед,— бо карашмаи зебое илова кард: — меоям, худам меоям, ё телефон мекунам, кадомашро, ки худатон хоҳед.
— Ман аз ту миннатдор, Шаҳноз, барака ёбӣ, боақлӣ — боз духтарро тавсиф кард. Духтар аз хурсандӣ даҳонашро ғундошта наметавонист...
Шафиию Нозимӣ бо сари хам паси мизҳояшон менишастанд. Таъби Шафиӣ хуш. Интизори даъвати Мавлонзода буданд. Ё фаромӯш кард ӯро? Худаш «хез, Нозимӣ, пеши муҳаррир дароем», гӯяд ба ӯ? Не, хуб мешуд, ки худи муҳаррир онҳоро даъват кунад. Андак бегилатар, ин касофат аз ӯ дилмонда намешавад...
— Муаллим, хуб нашуд, маҷбур кардед, аз ҳад гузашт, вақти кор, Мавлонзода агар бинанд...— сари Нозимӣ чарх зада дилаш беҷо гашт.
— Бандаи ношукр будай ту, Нозимӣ, агар ба ҷои ту ман мебудам, як лаҳза ҳушёр намегаштам. Худо ба ту додааст, китобат баромад, як духтари аз ҳама хушрӯ, аз худат ду баробар хурд ошиқат, сӯхта-сӯхта аз думат гаштааст. Дар рӯзнома кор мекунӣ, ба ту ҳама қоил. Баъд хурсанд шав, ки ман барин мудир дорӣ. Худам ба ту арақ гирифта медиҳам, ҷанг намекунам, чӣ номаъқулие кунӣ, ихтиёрат, мебахшам. Ба худо аз падари худат ин хел меҳрубонӣ намебинӣ.
— Аз шумо миннатдор ҳастам, муаллим.
Занги телефони сиёҳ баланд садо дод. «Хайрият, аз ёдаш нарафта будааст, пасафтод нашуд кор»,— Шафиӣ даст ба сӯи гӯшаки телефон бурд.
— Ҳа, рафиқ Мавлонзода, омад, ҳамин ҷо... Дароем? Ҳар дуямон?
— Нест, наомадааст, гӯед. Охир худатон медонед, ман ба ин ҳол... Нозимӣ пай бурд, ки муҳаррир ӯро мепурсад.
— Хуб шудааст, медароем. Не, не, дер намекунем...
— Муаллим, илтимос...— сухан дар забони Нозимӣ монд. Шафиӣ аз ҷояш бархеста «Рафтем, муҳаррир ҷеғ доранд», гуфт.
— О, худатон, муаллим, ҳоли маро медонед, наметавонам, шарманда мешавам. Ягон баҳона ёбед, ёрӣ расонед...— Нозимӣ пеши Шафиӣ тавалло кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё