Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Фарзандҳо, ҷигаргӯшаҳояшон дар пешашон, аз онҳо дур не. Лекин Меҳрубони ӯ аз вай ҷудо, баррае барин, ки дур аз очааш бурданд ӯро.
Бо азоб ба хонаи падар расид.
Меҳрубон ба хоби модар беҳуда надаромада будааст. Ӯ кӯрпаро ба сараш кашида хобида буд. Сараш докапеч, ҳазён мегуфт, гоҳ-гоҳе «оча», бо алам нидо мекард.
— Чӣ гап шуд ба бачаи ман? — пурсид аз модараш.
— Афтид.
— Аз куҷо?
— Аз сари пешайвон.
— Меҳрубон, Меҳрубонҷон, — модар кӯрпаро аз болои ӯ поёнтар кашид.
— Оча? — чашм кушод ӯ.
— Чаро саратро бастӣ, бачам?
— Афтид, — модар ба ҷои Меҳрубон ҷавоб дод.
— Ғалтидам, — такрор кард гуфтаи модаркалонашро ӯ.
Ба Мушарраф модарашу Меҳрубон рости гапро нагуфтанд. Фақат вақти хайрухуш писараш аз ӯ як хоҳиш кард ва нӯги гап кушода шуд.
— Оча, пул диҳед, — гуфт ба ӯ.
— Чанд пул, бачам?
— Си сӯм.
— Чӣ мехарӣ?
— Ҳеҷ чиз намехарам.
— Ҳеҷ чиз нахарӣ, пул ба ту чӣ лозим?
— Агар ҳозир надошта бошед, пагоҳ биёред, сӣ сӯм...
— Барои чӣ бачам? Аввал гӯй.
—...
— Ин тараф биё, духтарам, аз роҳат гард. — Модараш Мушаррафро дар зери дарвозахона аз роҳ гардонд.
— Ба ту, бачам, рости гапро гӯям? Худи бачаат сар кард, — гуфт модараш ва оҳиста давом намуд: — Меҳрубон пул дуздид, аз ин пеш ҳам як сӯм ним сӯм гум мешуд... — Хотири Мушаррафро парешон кард модар.
— Меҳрубон пул дуздид?! — Мушарраф аз сари писараш дасташро гирифта, ба модар гӯш дод.
— Ҳа, — тасдиқ кард модар.
Падар ба Меҳрубон ваъдаи дурӯғ надода будааст. Қариб ҳар ҳафта, ё ҳафтае ду бор ба Гули Хайрӣ меомадааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё