Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сайдашро пора, беномунишон кардан, хӯрдан мехост. Нозимӣ — як марди калон ҷанор барин пеши пойҳои вай дароз хобида буду Меҳрубон гирдаш чарх мезад, фиғонаш баланд, ба осмон...

— Вой дод, мурд вай, кушт ӯро, ёрӣ расонед, кушт! — Мушарраф миёни ҳавлӣ давид, беруни дарвоза — ба кӯҷа баромад. Ҳамсояҳо, роҳгузарҳо омаданд. Нозимиро боазоб, бо кашмакаш аз чанги Абдушукур халос карданд. Сару рӯяш, чи тавре мегӯянд, қашқаю далда, аз даҳону биниаш хун фавора мезад. Вайро аз ҳавлӣ бароварда бурданд. Меҳрубон ҳам аз пасаш рафт. «Додом, вой додоҷонакам!» менолид, нолаю фиғонаш баланд.

Ӯ дигар ба хона барнагашт.

...Мушарраф аз миёни роҳи пурхоку чанг қадам мемонд. Рӯзи тобистон гармтар шуда чир-чиракҳо аз миёни алафҳои хушкида чирчир доштанд... Аз беобӣ, аз гармо ин ҷонваракон ба дод омада буданд. Аз садои онҳо сари ёлаҳо теппаҳо, пур, чун мусиқие ба гӯш мерасид, мусиқии ҳузновари дашт буд чир-чири чирчиракҳо. Гӯё аз алами дили модар огоҳ буданд, медонистанд, ки дили ӯ барои Меҳрубонаш ҳазорпорааст, рамақаш дар хонаи шавҳар, дар Сиёҳдонаю хушу хаёлаш ба бачаҳақаш, ба Гули Хайрӣ... Роҳи пасту баланди Гули Хайрӣ зери қадамҳои модар хӯрда шуда буд.

Пас аз ду рӯзи он ҷанҷол, он нохушӣ (шавқараш ҳанӯз бо вай дуруст гап намезад), аз тақдири Меҳрубонаш Мушарраф огоҳ ёфт. Нозимӣ ӯро дар хонаи бобояш гузошта будааст. Гуфтааст, ки ӯ дигар ба Сиёҳдона наравад, Гули Хайрӣ — ба хабаргирии ӯ неомадааст... Рӯзи Меҳрубон дар хонаи бобо сиёҳтар гашта ҷонаш дар азоб, дар ҳамин солу замонаи серию пурӣ баъзан «ба лаб ташнаю ба ишкам гурусна...»

Меҳрубонро модар чанд рӯз хабар гирифта натавонист. Рӯзҳои хунук, қаҳратун сар шуда буданд. Барфи баланд борид. Чукурию пастӣ, даруни дараҳо пури барф, роҳҳо гум. Ба зами ин шавҳараш дар хона не, барои гову молҳояш боз ба ҳамон деҳаи дури миёни кӯҳ дар се-чор улав ҷаву хӯроки бор карда рафта буд. Кӯдаконаш танҳо, дар хона пеши кӣ гузоштани онҳоро намедонист. Бо кӯдаки гаҳворагиаш хаёлан ҳарф мезад.

— Ҳоли акаҳакат чӣ шуд? Чашмаш ба роҳи ман чор, зиқ шуда гиристагист. Худо умрашро монад, аз

пешина
аз 399
навбатӣ