Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

СОСОНИЁН ДАР
АҲДИ ШОПУР

Шопури I (241–272) писари Ардашер мебошад, ки соли 242 лашкари Византияро шикаст дода, ба шарти пардохтани 500 ҳазор динор товони ҷанг бо император Файлакус сулҳ мебандад. Ӯ дар муҳорибаи ҳалкунандаи назди Эдесса соли 260 императори Рум Валерианро бо легионҳои мусаллаҳи 70-ҳазора мағлуб месозад. Валериан ҳамроҳи даҳҳо сенатораш асир афтода, дар сохтмони иншоот кор фармуда мешавад.

МОНИ КӢ БУД?
Мони бунёдгузори мазҳаби монавия буда, дар Тайсафун ба дини зардуштию фалсафаи Юнон ошноӣ пайдо мекунад. Сипас ба Ҳиндустон сафар карда, ба динҳои буддоия ва бараҳмания ошно мегардад. Ӯ дар синни 24-солагӣ даъвои пайёмбарӣ намуда, ба тарғиби дини худ шурӯъ кард. Таълимоти ӯ асосан неруҳои азалии нуру зулмот ва некию бадиро дар олами имкон талқин мекард. Ӯ бо номи «Шопургон» ва «Аржанг» китобҳои мусаввар офаридааст. Мони баъди баргаштан дар шаҳри Гундишопур зиндонӣ гашта, оқибат соли 278 кушта шуд.

ОЁ ШОПУРИ II 70 СОЛ
ПОДШОҲӢ КАРДААСТ?

Шопури II соли 310 дар синни 17-солагӣ ба тахти Сосониён нишаста, 70 сол подшоҳӣ кардааст. Ӯ соли 338 ба муқобили императори Рум Константини I лашкар кашида, соли 363 император Юлианро шикаст медиҳад. Шопур дар қисмати шарқии мамлакат бо империяи Кушониён муборизаҳои оштинопазир бурда, барои аз марзаш гузаштани корвони тоҷирони Роҳи Бузурги Абрешим имкон намедод.
Дар давраи Шопур нуфузу қудрати Сосониён дучанд афзуда, тиҷорату равобити фарҳангӣ бо кишварҳои Шарқу Ғарб вусъат меёбад.

КАДОМ ШОҲИ СОСОНИЁН ДИНИ
МАСЕҲИРО НУФУЗ БАХШИД?

Яздигурди I (399-420) соли 408 бо Рум сулҳ мебандад, ки мувофиқи он таъқиби масеҳиёни Эрон боздошта мешуд. Дар давраи ҳукмронии ӯ кушодани ибодатхонаҳои баста ва сохтани ибодатхонаҳои нави масеҳӣ дар Эрон авҷ гирифт. Қоҳинони зардушτӣ Яздигурдро бо парастидани дини насронӣ гунаҳкор мекарданд.
Дар таърих Яздигурди I бо номи Асим, яъне гунаҳкор шуҳрат ёфтааст.

пешина
аз 395
навбатӣ