Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ҶАНГҲОИ
АШКОНИЁН БО РУМ

Устувор шудани давлати Ашкониён ва тахти ҳукумати онҳо қарор гирифтани як қисми Роҳи Бузурги Абрешим боиси рақобати шадид ва низоъҳои пайдарпай бо империяи тавонои Рум гардид. Дар давраи подшоҳии Меҳрдоди II солҳои 123–87 то милод давлати Порт империяи Румро дар чандин набардҳои ҳудуди Шом шикаст медиҳад. Вале сарлашкарони румӣ, алалхусус Помпей борҳо хатти сарҳади Ашкониёнро дар ҳудудҳои Шом ва Қафқоз худсарона шикаста, чандин юришҳои пай дар пай кардааст.

Давлати Ашкониён бар асари ҷангу ҷидолҳои тӯлониву бешумор бо империяи Рум хеле заиф гардид. Ҳангоми подшоҳии Артабони V лашкари Ашкониён соли 224 то милод дар ҷанги шадиди Ҳурмуздгон аз ҷониби Ардашери Сосонӣ шикаст хӯрда, дертар рӯ ба таназзул ниҳод. Чанде нагузашта Ардашери Бобакон ҳудуди империяи Ашкониёнро фатҳ намуда, шаҳри Тайсафунро пойтахти давлати Сосониён қарор дод. Дар аҳди ҳукмронии Шопури I солҳои 241-272 то милод ҳудуди боқимондаи давлати Порт ба империяи Сосониён ҳамроҳ карда шуд ва сулолаи Ашкониён аз миён рафт.

Баъди бунёд шудани шаҳри Тайсафун нуфузи давлати Порт дар муомилоти тиҷоратии кишварҳои Баҳри Миёназамин дучанд афзуда, императорони Румро ноором мекард. Аз ҳамин рӯ, яке аз сарлашкарони Рум Марк Красс мехоҳад, ки корномаи Искандари Мақдуниро такрор намуда, сӯи Эрон лашкар бикашад. Ӯ баҳори соли 54 то милод легионҳои ҷангиашро ба ҳудудҳои Шом ва Байнаннаҳрайни тобеи Ашкониён равона намуд. Подшоҳи Ашкониён Ороди II (ҳукмрониаш солҳои 57-37 то милод) сарлашкари ҷангозмудааш Суринро ба муқобили Красс фиристод. Дар муҳорибаи назди шаҳри Карра (9 сентябри соли 53 то милод) Красс 20 ҳазор ҷанговарашро талаф дода, 10 ҳазор сипоҳиёнаш асир афтоданд. Дертар барои қисоси шикасти шармандавори Красс борҳо Антоний ва Октавиан Август ба Эрон лашкар мекашанд. Ҳангоми ҳукмронии Август соли 20 то милод байни Рум ва Ашкониён шартномаи сулҳ ба имзо расида, баъди 33 соли шикасти Красс дирафшҳои ҷангӣ, нишонҳои ҳарбӣ ва асирони боқимондаи румӣ бозгардонида мешаванд.

пешина
аз 395
навбатӣ