Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО МАЪБАДИ АРТЕМИДА СОХТА ШУД?
Сокинони шаҳри Эфес қарор доданд, ки барои бузургдошти Артемида маъбаде бунёд кунанд, ки дар олам назир надошта бошад. Сохтани маъбадро ба меъмори боистеъдод Херсифрон фармуданд. Херсифрон каси хеле сарватманд буд. Мувофиқи ойини он замон дар сурати аз маблағи пешбинишуда афзудани харҷи сохтмон меъмор бояд иморатро аз ҳисоби сармояи хеш ба анҷом мерасонд. Херсифрон дар поёни умр писараш Метагенро сармеъмори маъбад ва ҷонишини худ таъйин намуд. Мушкилтарин қисматҳои сохтмони маъбад зери сарварии Метаген анҷом пазируфтаанд. Баъд аз фавти Метаген меъморони соҳибтаҷриба Деметрий ва Пеоний сохтмони маъбади Артемидаро ба анҷом расониданд.
МАЪБАДИ АРТЕМИДА ЧӢ ГУНА СОХТА ШУДААСТ?
Соли 550 то милод, яъне баъди 120 соли заҳмат сохтмони бинои Маъбади Артемида анҷом ёфт, ки умри чандин ҳазор меъморону ҳунармандон дар бунёди он сарф гардидааст. Ин маъбад бо мармари сафед рӯкаш шуда, силсилазинаҳо дар масоҳати 110х55 м мураббаъ бунёд гардида буданд ва бо санъати меъмории худ бинандаро ба ҳайрат меоварданд. Дар бунёди маъбад 127 сутуну шоҳсутунҳои сафед саф баста буданд, ки баландии онҳо ба 18 м ва қутри асосашон ба 1,6–1,8 м мерасид. Аз дур дар зери равшании офтоб Маъбади Артемидаро дида, одамон онро муъҷизаи сафед мегуфтанд.
ЧАРО МАЪБАДИ АРТЕМИДАРО ХАРОБ КАРДАНД?
Бори аввал, соли 356 то милод Маъбади Артемида аз тарафи Геростат ном шахсе барои абадӣ гардонидани номаш оташ зада шуд. Вале меъмори машҳур Хейрократ 36 шоҳсутуни онро аз нав сохта, нақшу нигори маъбадро барқарор кард. Бори дуввум, дар соли 263 милодӣ қабоили тундхӯи готҳо шаҳри Эфесро забт намуда, Маъбади Артемидаро саросар ғорат ва аз ҷаҳолати хурофотӣ ҳайкалу муҷассамаҳо ва осори санъати нафисаи маъбадро хароб намуданд. Ниҳоят, туркҳои усмонӣ дар асри XV ба ин сарзамин роҳ ёфта, боқимондаи Маъбади Артемидаро аз байн бурданд. Аз Маъбади Артемида то аҳди мо танҳо шикастапораҳои шоҳсутуну ҳайкалҳо боқӣ мондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё