Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

кунанд, мо роҳиатон кунем, чунки дигар Шумо барои фронт лозим нестед.

Ба ин мактуб, апаҷони азиз, ҳатман ҷавоб гардонед, ки мо ба командир аз натиҷааш хабар диҳем.

Масъуда мактуби писархондашро баъди кушода хондан якбора ранг аз рӯяш парид, баданаш виҷиррос зад, ҳолати караҳтӣ тамоми вуҷуди ӯро фаро гирифт...

Баъди ба худ омадан мактубро ба модараш – Саида - бону нишон дод ва бо маслиҳати модар рӯзи дигар нишаста ба мактуби Ғоиб чунин ҷавоб навишт:

«Азизонам, дар сиҳатиатон барои ман лозим будеду дар маҷрӯҳиатон аз Шумо рӯй гардонем?! Ҳаргиз не, азизонам!!! Бе Шумо зиндагӣ барои ман талху рӯзам сиёҳ аст, дар кадом аҳволе ки бошед биёед, ҳатман биёед, ман шуморо болои даст нигоҳ медорам, азизонам, мегӯяду ашқҳои ӯ рӯи номаи ҷавобиаш чакидан мегиранд...

Мактуби Масъуда ҳам Ғоибу ҳам падархондашро гирифта мамнун кард ва фавран ба ӯ посухи кӯтоҳе навишт: «Апаҷони азиз, мо Шуморо санҷидем ва фаҳмидем, ки шумо дорои дили бузургед, ману Акаҷонам сиҳату саламатем, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик дидори якдигарро мебинем. Бо эҳтиром писархонди шумо - Ғоиб.

Масъуда мактуби Ғоибро гаштаю баргашта мехонд. Оҳ, чӣ хел ӯ хурсанд буд. Гоҳе рақс мекард, гоҳе аз хурсандӣ дар ба дари ҳамсояҳо гашта, ин хабари хушро ба онҳо нақл менамуд...

Абулхайру Ғоиб паси ҳам сиҳату саломат бо чор ишкели бутун аз ҷанг ба хона баргаштанд. Ҳаёт ва зиндагии онҳо боз ба як маром даромад. Масъуда ва Абулхайр аз ятимхона боз Гулсара ном духтарҷаеро барои худ духтархонд гирифтанду ба писархондашон Ғоиб гуфтанд: - Ана ин Гулсара аз ҳамин рӯз иборатАН барои ту хоҳар мешавад.

«Хайр кардӣ, хайр мебинӣ», - гуфтаанд бузургон. Бо ҳамин Худо дари бахту саодатро ба рӯи оилаи Абулхайр Усмонов боз кард. Оила соҳиби панҷ писару як духтар шуданд. Номи духтарашонро ҳамрадифи номи Гулсара - Гулчеҳра ниҳоданд. Дар байни фарзандон Ғоибу Гулсара, Худоёр, Бахтиёр, Шаҳриёр, Дониёр, Маҳдиёр ва Гулчеҳра фарқият намегузоштанд. Ҳамаи онҳо мисли фарзандони як падару

пешина
аз 173
навбатӣ